Вохӯрии намояндагони ширкати “Томсон Рейтер” ва ташкилотҳои қарзӣ

19.02.2018

Вохӯрии намояндагони ширкати “Томсон Рейтер” ва ташкилотҳои қарзӣ

16-уми феврали соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии коршиносони ширкати “Томсон Рейтер” бо намояндагони ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Мақсади баргузории вохӯрии мазкур аз намоиши имкониятҳои барномаҳои ширкати “Томсон Рейтер” дар доираи такмили фаъолияти комплаенс оид ба масъалаҳои муқовимат ба хавфҳое, ки ташкилотҳои қарзӣ метавонанд рӯ ба рӯ шаванд, иборат буд.

S_1.PNG

Дар ибтидо и.в. Директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Ф. Файзуллозода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд. Дар рафти суханронӣ номбурда қайд кард, бо назардошти таҳдидҳои умумие, ки ташкилотҳои молиявӣ дучор мешаванд, ташкилотҳои қарзиро лозим аст, доимо вобаста ба ошкор намудан, баҳогузорӣ ва коҳиш додани хавфҳо фаъолияти амалии худро ба роҳ монанд.

Сипас, дар доираи барномаи вохӯрӣ коршиносони ширкати “Томсон Рейтер” ба иштирокдорон оид ба хизматрасониҳои барномаи ширкат муаррифии муфассал пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, имкониятҳои барномаҳои зикргардида, яъне ба таври мустақим (онлайн) ошкор намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба рӯйхатҳои таҳримӣ, мақомоти танзимкунанда ва ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ворид ҳастанд, намоиш дода шуд. Коршиносони ширкат инчунин вобаста ба моделҳои тиҷоратӣ ва шартҳои махсус дар доираи обунашавии миллӣ маърӯза намуданд.

S_2.PNG

Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби иштирокдорон қайд гардид, ки чорабинии мазкур дар самти баланд бардоштани дараҷаи самаранокии фаъолияти низоми назорати дохилии ташкилотҳо ва паст намудани хавфҳои сӯистифодаи низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мусоидат хоҳад намуд.

Департаменти мониторинги
молиявӣ

Диданд: 3493

Бозгашт