Рӯзҳои 17-21 феврали соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони мақоми ваколатдор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) аз ҷониби дафтари Ташкилоти ихтиёрӣ оид ба хизматрасониҳои молиявӣ (FSVC) дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шурои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.
Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) ва баҳри омода намудани мутахассисони ватанӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар макотибҳои олии Федератсияи Русия қайд менамояд, ки айни замон марҳилаи навбатии қабули довталабон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар макотибҳои олии Федератсияи Русия барои солҳои 2020-2021 оғоз гардидааст.
15 январи соли 2020 Кумита дар асоси қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст, тағйиротро ба руйхати шахсон ва муассисаҳое, ки ба ДИИШ ва Ал-Қоида алоқаманданд, тасдиқ кард
Рӯзҳои 13-15 январи соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) бо ташаббуси дафтари Ташкилоти ихтиёрӣ оид ба хизматрасониҳои молиявӣ (FSVC) дар ш.Душанбе ва дар ҳамбастагӣ бо Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Кумитае, ки дар асоси қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ 1518 (2003) таъсис дода шудааст, истисноро оид ба Рӯйхати шахсони воқеӣ ва ташкилотҳое зерин, ки молу мулкашон манъ карда шаванд тасдиқ кард, тибқи сархатҳои 19 ва 23 Қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ 1483 (2003), ки дар асоси Боби VII Низомномаи СММ қабул гардидааст
Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ 2374 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо Малӣ алоқамандро тасдиқ кард.
Аз 9 то 13 декабри соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявӣ курси омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) барои мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ...
Аз 4 то 8-уми ноябри соли 2019 ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ба кишварамон ташриф овард. Ба ҳайати мазкур намояндагони Гурӯҳи Авруосиё оид ба МҚД/МТ (ГАО) ва Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Федератсияи Русия (МУМЦФМ) низ шомил буданд.