Ахбор

03.12.2020 Баланд бардоштани савияи тахассусии кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо мақсади таъмини самаранокии низоми миллӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО

Аз 23 то 27 ноябри соли 2020 дар Маркази омӯзишии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш. Гулистон, бо ташаббуси Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон курси омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор гардид.

16.11.2020 Таҳлил ва омӯзиши раванди фаъолгардонии суратҳисобҳои муросилотӣ бо коршиносони байналмилалӣ

Бо мақсади мусоидат ба иштирокчиёни низоми бонкии кишвар дар таҳлил ва омӯзиши омилҳои маҳдудият ва раванди фаъолгардонии суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонкҳои хориҷӣ Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи кӯмаки техникии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (минбаъд - САҲА) ҳамкориро бо коршиноси байналмилалии соҳавӣ Джусеппе Ломбардо ба роҳ мондааст.

15.10.2020 Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар ҶТ

14 октябри соли 2020 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба Баҳодиҳии хавфи миллии қонунгардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон(минбаъд БХМ ҚД/МТ) доир гардид.

12.10.2020 Ба феҳристе, ки бо қатъномаи ША СММ тасдиқ шудааст тағйирот ворид карда шуд

Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.

15.09.2020 Феҳристи аломатҳои аҳд ва амалиёти шубҳанок дар таҳрири нав қабул гардид

Ба маълумоти ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, расонида мешавад, ки “Феҳристи аломатҳои аҳд ва амалиёти шубҳанок” дар таҳрири нав қабул гардид.

06.08.2020 Вебинар дар мавзӯи “Татбиқи усулҳои мушаххаскунии фосилавӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои хавфи пастдошта”

4 августи соли 2020 бо иштироки намояндагони Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон (ДММ БМТ), Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар, вебинар (бо истифода аз барномаи “Webex”) дар мавзӯи “Татбиқи усулҳои мушаххаскунии фосилавӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои дорои хавфи пастдошта” баргузор гардид. Дар вебинар тақрибан 70 намояндагони сохторҳои дахлдори ташкилоти қарзии молиявӣ (комплаенс, менеҷери хавфҳо ва технологияи иттилоотӣ) иштирок варзиданд.

17.07.2020 Ба феҳристе, ки бо қатъномаи ША СММ тасдиқ шудааст тағйирот ворид карда шуд

Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шурои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.

06.07.2020

05.06.2020 Тағйир ёфтани рӯйхати миллӣ

Ба рӯйхати миллии шахсони воқеӣ, ки бо терроризм алоқамандӣ доранд, тағйирот ворид карда шуд.

27.05.2020 Ба феҳристе, ки бо қатъномаи ША СММ тасдиқ шудааст тағйирот ворид карда шуд

Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шурои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.


Новости 71 - 80 аз 202
Аввал | Пешӣ | 6 7 8 9 10 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо