Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.
Санаи 4 августи соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии и.в. Директори Департаменти мониторинги молиявӣ – Файзуллозода Файзулло ҷаласаи навбатии зергуруҳҳои Гуруҳи корӣ вобаста ба мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ баргузор гардид.
7 июли соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти кории масъулини Департаменти мониторинги молиявӣ бо намояндагони Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил оид ба омода намудани Стандарти давлатии таълими ихтисоси “Бехатарии иқтисодӣ” баргузор гардид.
4 июли соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Департаменти мониторинги молиявӣ бо намояндагони Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар рафти сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (29 июн - 5 июл) таҳти роҳбарии Намояндаи минтақавии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои Осиёи Марказӣ хонум Ашит Миттал баргузор гардид.
22-26 майи соли 2017 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон 26-умин Ҷаласаи Пленарии Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО),
Рӯзҳои 10-14-уми апрели соли 2017 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия, дар доираи омодагӣ ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайни Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, барои ҳайати байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.
Зарур аст, ки ташкилотҳои бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷомдиҳанда талаботҳои қонуни мазкурро ба инобат гиранд.
Бо дастгирии Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва саҳми Департаменти мониторинги молиявӣ 16 – 17 марти соли 2017 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон озмуни “Нозири мувофиқаи (комплаенс) соли 2016 дар самти муқовимат...
Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои ба роҳ мондашуда бо Маркази байналмилалии таълимию методии мониторинги молиявии (МУМЦФМ) ш.Москва ҷиҳати омода намудани мутахассисон...
Рӯзҳои 7 - 11 ноябри соли ҷорӣ дар ш. Ню-Дели (Ҷумҳурии Ҳиндустон) ҳафтаи пленарии ҷаласаҳои Гурӯҳи Авросиё (ГАО) оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) баргузор шуд.