Нашрия ва интишорот

Нашрия ва интишорот

“Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” (Августи соли 2015)

Шумораи нахустини маҷаллаи нави таҳлилии бонкӣ “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” барои моҳи августи соли 2015 бо назардошти талаботи феълии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо тарҳ ва ороиши ҷадид, бо се забон – давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба табъ расид ва манзури хонандагони гиромиқадр гардид. Дар ин шумора маводҳои соҳавӣ, шарҳи таваррум, шарҳи бозори коғазҳои қиматнок, нархи миёнаи маҳсулот дар бозорӣ ҷумҳурӣ, ҳисоботи бонкҳо ва дигар маълумотҳои муфид ба хонандагон пешниҳод шудаанд.


Дар қисмати маводҳои таҳлилӣ хонандагони маҷалла метавонанд мақолаҳои мутахассисони соҳа таҳти унвонҳои “Рақобатпазирии иқтисодиёт дар бозори СУС”, “Бозорҳои молиявӣ: нақш ва вазифаи онҳо”, “Саҳми бонкҳои тиҷоратӣ дар рушди иқтисодиёт”, “Қарзҳои дарозмуддат ҷиҳати рушди иқтисодиёт” ва ғайраро мутолиа намоянд.


Дар як қисмати нашрия мусоҳибаҳои хабарнигорони маҷалла бо Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хонум Патрисия Виверс-Картер таҳти сарлавҳаи “Афзоиши сармоягузории бахши хусусӣ асоси рушди иқтисодиёт”, Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Си. Си. Ю таҳти унвони “Tajikistan needs to speed-up structural reforms”, инчунин мусоҳиба бо мушовири Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷаноби В.Бёме “Риск может привести к большим потерям банка” ҷойгир карда шудаанд, ки мутолиаи онҳо ба мутахассисони соҳаҳои молия ва бонкдори муфид ва ҷолиб хоҳад буд.


Илова бар ин, дар ин шумора ахбору навгониҳо, назарпурсӣ оид ба баҳогузорӣ ва пешниҳоди мизоҷон ба бонкҳо ва афкори арбобони барҷастаи низоми бонкдорӣ дарҷ гардидаанд.


Хадамоти матбуоти

БМТ




“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (Марти соли 2015)

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи март ба табъ расид ва манзури хонандагон гардид. Дар саҳифаҳои он маводи ихтисосӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ, шарҳи макроиқтисодӣ ва дигар мақолаҳои соҳавӣ дарҷ гардидаанд.


Хадамоти матбуоти

БМТ




“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” ( январи соли 2015)

   Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи январ ба табъ расид, ки дар он маводи ихтисосӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ, шарҳи мухтасари таваррум ва дигар мақолаҳои соҳавӣ дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ




“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” ( декабри соли 2014)

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи декабр ба табъ расид, ки дар он маводи ихтисосӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ, шарҳи мухтасари таваррум ва дигар мақолаҳои соҳавӣ дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ




“Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” (ноябри соли 2014)

Шумораи навбатии маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” барои моҳи ноябр ба табъ расид, ки дар он маводи ихтисосӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ, шарҳи мухтасари таваррум ва дигар мақолаҳои соҳавӣ дарҷ гардидааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ