Стратегияи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
Стратегияи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (минбаъд - Стратегия) мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси афзалиятҳои рушди устувори иқтисодиёти кишвар, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 ва 2020 дарҷ ёфтаанд, таҳия гардида, ҳадафи асосии сиёсати пулию қарзӣ ва нишондиҳандаҳои мақсадноки онро мушаххас менамояд.
Стратегияи мазкур бо мақсади муайян намудани самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ, ташкили механизми самараноки таҳияву татбиқи фишангҳои он, ташкили инфрасохтори муосири амалиётӣ – молиявӣ ва амалисозии дигар афзалиятҳои дахлдор, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафи ниҳоии Бонки миллии Тоҷикистон – нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат таҳия шудааст.
Дар ин раванд, густариши ислоҳоти институтсионалӣ, таҳкими фишангҳо ва тақвияти дараҷаи таъсирбахшии онҳо, фароҳам овардани фазои мусоид ва заминаи устувор барои гузариши ботадриҷ ба реҷаи ҳадафгирии таваррум дар сиёсати пулию қарзӣ самтҳои муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.
Стратегияи сиёсати пулию қарзии ҶТ
“Стратегияи коммуникатсионии Бонки миллии Тоҷикистон дар самти сиёсати пулию қарзӣ барои солҳои 2019 - 2021”
Cтратегияи коммуникатсионии Бонки миллии Тоҷикистон дар самти сиёсати пулию қарзӣ барои солҳои 2019-2021 (минбаъд - Стратегия) дар асоси ҳуҷҷатҳои “Стратегияи сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ва “Дурнамои сиёсати пулию қарзӣ барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат” бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №165 ба тасвиб расида,дар он роҳҳои таъмини шаффофияти фаъолият дар самти таҳия ва татбиқи сиёсати монетарӣ тавассути вусъат додани робита бо ҷомеа ва ахборотдиҳӣ ба омма муайян карда шудааст.
Мақсади асосии Стратегия оммафаҳмӣ ва шарҳи татбиқи реҷаи сифатан нави сиёсати пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррум буда, дуруст ва босифат ба роҳ мондани механизми коммуникатсионӣ, ҳамоҳангии самаранок ва муттасил миёни ҷонибҳои асосии манфиатдор (стейкҳолдерҳо) барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва дараҷаи бохабарии омма оид ба сиёсати пулию қарзӣ, механизму раванди таҳия ва татбиқи он мусоидат менамояд.
Стратегияи мазкур барои зиёд гардидани эътимоднокӣ ба сиёсати пулию қарзии давлат, бонки марказӣ, таҳкими механизми амалиётӣ ва ҷоннок намудани трансмиссияи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ дар шароити реҷаи ҳадафгирии таваррум, аз байн бурдани номуайяниҳо дар бозори молиявӣ ва муътадилгардонии интизориҳои аҳолӣ нисбат ба тағйирёбии таваррум, инчунин ғайридолларикунонӣ ва коҳиш додани таваҷҷуҳи агентҳои иқтисодӣ ба вазъи қурби асъор равона шудааст.
Маҷмӯан, санади мазкур дар асоси тавсияҳои коршиносони байналмилалӣ дар доираи кумаки техникииБонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдтаҳия шуда, муҳтавои он аз мақсад ва принсипҳои стратегияҳои коммуникатсионӣ, паёмҳои асосии паҳншаванда тавассути фишангҳои асосии коммуникатсия, таҳкими иқтидори дохилии коммуникатсия иборат мебошад. Инчунин, нақшаи чорабиниҳо барои татбиқи Cтратегия ва нақшаи чорабиниҳои раванди коммуникатсионӣ оид ба қарорҳои Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон оварда шудааст.
Бояд қайд кард, ки Стратегияи мазкур барномаи нахустиндар самти равобит бо ҷомеаи (коммуникатсионӣ) Бонки миллии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, яке аз самтҳои ислоҳотҳои татбиқшаванда дар пешбурди сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро пешбинӣ менамояд.