Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Низоми бонкӣ: вазъи воқеӣ ва дурнамо

01.05.2018

30 апрели соли 2018 аз ҷониби Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳти унвони “Низоми бонкӣ: вазъи воқеӣ ва дурнамо” рӯнамоӣ (презентатсия) пешниҳод гардид. Рӯнамоии мазкур дар доираи семинари илмӣ-амалӣ барои устодон ва донишҷӯён бо иштироки Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Фақеров Ҳамидуллохон баргузор карда шуд.

563A6607-1.JPG

Дар қисмати аввали рӯнамоӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба мақсади асосии татбиқи сиёсати пулию қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, сатҳи таваррум ва меъёри бозтамвил, намояи қурби номиналӣ ва воқеии асъор, фаъолнокии фишангҳои нави амалиётии монетарӣ ва раванди татбиқи сиёсати монетарӣ маълумоти муфассал манзур намуд.

563A6664-2.JPG

Дар қисмати дуюм ва сеюми рӯнамоӣ вобаста ба вазъи воқеии низоми бонкӣ, сохтори он, сатҳи дороиҳо ва уҳдадориҳо, ҳаҷми сандуқи қарзӣ ва пастшавии сатҳи қарзҳои ғайрифаъол, нигоҳдорӣ ва идоракунии захираҳои байналмилалӣ, низоми пардохт ва инфрасохтори пардохт, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва саҳми он дар иқтисодиёт таи чанд соли охир ба ҳозирин муаррифӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар давоми рӯнамоӣ аз ҷониби устодон ва донишҷӯён вобаста ба масъалаҳои дар муаррифӣ зикршуда саволҳои гуногун ба миён омаданд, ки Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо камоли майл ба ҳамаи суолҳо посухҳои мушаххас пешниҳод намуд. Дар муҳокимаронӣ инчунин роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзида, ба суолҳои донишҷӯён ва устодони ҷавони Донишгоҳ ҷавоб доданд.

563A6945-6.JPG

Дар идомаи рӯнамоӣ, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба Стратегияи сиёсати монетарӣ ва асъорӣ барои солҳои 2016-2020 дар реҷаи гузариш ба низоми ҳадафгирии таваррум, фаъолияти Кумитаи сиёсати монетарӣ ва салоҳияти қабули қарорҳо аз ҷониби он, таъмини шаффофият дар амалиётҳои монетарӣ, автоматикунонии низоми ҳисоботи оморӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба рушди низоми бонкии мамлакат ҷалб намуд.

563A7098-4.JPG

Дар қисмати ҷамъбастии муаррифӣ аз ҷониби Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бобати нуктаҳои калидӣ дар татбиқи ислоҳотҳои низоми бонкӣ, аз ҷумла дурнамои низоми бонкӣ бо дарназардошти рушди низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, ба кулли такмил додани идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, таҳким бахшидани сиёсати пешгирии хавфҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, ба роҳ мондани фарҳанги дурусти қарздиҳӣ ва риояи касбият, таъмини шаффофият дар пешниҳоди маълумот ва ҳисоботдиҳӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод карда шуд.

563A6745-5.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар фароварди суханронии худ аз донишҷӯёни Донишгоҳ даъват ба амал овард, ки бо истифода аз манбаъҳои захиравии Донишгоҳ, устодони ботаҷриба, шароити муосири фароҳамшуда ва фазои ҳукмфармои сулҳу субот дар мамлакат, донишу малакаи худро тибқи таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ такмил дода, оянда дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳмгузор бошанд.

563A6782-3.JPG

Кори семинари илмӣ-амалиро Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров ҷамъбаст намуда, барои баромади пурмуҳтавои Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳори миннатдорӣ намуд. “Бо назардошти бардоштаҳои баромади ҷолиб барои ҷавонони имрӯза, аз ҷумла барои тарбиятгирандагони Донишгоҳ ба роҳ мондани тарбияи тафаккури нави иқтисодӣ мутобиқ ба иқтисодиёти пешрави рақамӣ зарурат дорад. Таҳлили ҳаматарафаи соҳаи низоми бонкӣ аз ҷониби Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз иқдоми саҳмгузорӣ дар татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешбурди рушди иқтисодиёти кишвар далолат медиҳад”,- ҷамъбаст намуд Ректори Донишгоҳ Ҳамидуллохон Фақеров.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 3511

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ