Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Лоиҳаҳои қонунгузории соҳаи бонкӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баррасӣ ва қабул гардиданд

05.06.2018

Лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 вобаста ба такмили қонунгузории соҳаи бонкӣ ва бо мақсади таъмини суботи низоми бонкӣ дарҷ гардидаанд, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таҳия шуда, санаи 25 майи соли ҷорӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул гардиданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки муаммоҳо ва мушкилиҳои низоми пуливу қарзии кишвар ва дар ҳамин замина андешидани тадбирҳои таъхирнопазир барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардида буданд.

Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон дар самти гузаронидани ислоҳоти зарурии пуливу қарзӣ, аз ҷумла ислоҳот дар низоми бонкӣ ва бо мақсади пешгирӣ намудани хавфҳои эҳтимолӣ пурзӯр намудани назорат аз болои онҳо, як қатор чораҳои дахлдор андешида истодааст ва барои самарабахш амалӣ намудани онҳо қабули лоиҳаи қонунҳои болозикр мусоидат хоҳад намуд.

Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаҳои қонунҳои мазкур дар ҳамкории зич бо мушовирони байналмилалӣ омода карда шуда, бо мақсади таҳкими сиёсати пуливу қарзӣ, таъмини суботи низоми бонкӣ ва шаффофияти он, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон, пурзӯр намудани назорати ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла бонкҳои низомсоз, таҳкими идоракунии корпоративии ташкилотҳои қарзӣ, баланд бардоштани масъулияти ташкилотҳои қарзӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии онҳо, вусъат бахшидани амалиётҳои ғайринақдӣ, батанзимдарории бонкҳои муаммодор ва ҷорӣ намудани бонкдории исломӣ таҳия гардидаанд.

Инчунин, муқаррароти ин лоиҳаҳо масъалаҳои мукаммал намудани фишангҳои танзиму назорати ташкилотҳои қарзӣ, андешидани тадбирҳои ислоҳии саривақтӣ ҷиҳати пешгирии сатҳи хавфҳои бонкӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои батанзимдарории ҳалли мушкилоти бонкҳои муаммодор бо сарфи ками маблағгузории таъҷилии давлатӣ, таъсиси бонки мутавассит ва ташкилоти идоракунии дороиҳоро фаро мегиранд.

Илова бар ин, дар лоиҳаҳои қонунҳои зикршуда бо мақсади таъмини суботи низоми молиявӣ, ба Бонки миллии Тоҷикистон дар самти танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои молиявии ғайриқарзӣ, аз қабили ташкилотҳои суғуртавӣ, бюроҳои таърихи қарз, операторҳои низоми пардохт ва барои таҳияи сиёсати макропруденсиалӣ вазифаҳои иловагӣ вогузор карда шудааст.

Дар баробари ин, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” инчунин дар доираи иҷрои матритсаи Барномаи Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маблағгузории сиёсати рушд ва шартҳои пешакии Барномаи Хазинаи байналмилалии асъор бо мақсади такмил ва мутобиқ намудани меъёрҳои он бо қонунгузории ҷорӣ ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ таҳия шудаанд.

Шуъбаи матбуот



Диданд: 3573

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ