Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Шарҳи мухтасари вазъи макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2018

25.07.2018

25 июли соли 2018, дар Бонки миллии Тоҷикистон барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷи кишвар оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти бонк ва низоми бонкии мамлакат дар нимсолаи аввали соли 2018 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

563A9393-1.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода нишасти матбуотиро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2018 сиёсати пайгирона ва самарабахши пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри таъмини рушди муътадили ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, нигоҳдории сатҳи зарурии нархҳо, суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд.

1. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар нимсолаи якуми соли 2018 27,7 млрд. сомонӣ ва афзоиши воқеии он 7,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 1,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ба рушди иқтисодиёт афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 16,9 фоиз, кишоварзӣ 8,5 фоиз, сохтмон 33,1 фоиз ва гардиши савдои чакана 7,9 фоиз мусоидат намуд.

Таваррум. Дар нимсолаи аввали соли 2018 дар натиҷаи ба мувозинат омадани сатҳи талаботу пешниҳодот дар бозори истеъмолии кишвар ва татбиқи сиёсати монетарии зиддитаваррумӣ сатҳи муътадили таваррум нигоҳ дошта шуд.

563A9413-2.JPG

Тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таваррум дар ин давра 0,9 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 5,0 банди фоизӣ кам мебошад. 

Қобили зикр аст, ки нишондоди таваррум ба ҳадафи муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқ буда, тамоюли тағйирёбии он дар доираи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ нигоҳ дошта шуд.

2. Сиёсати пулию қарзӣ.
Мутобиқи маълумоти омории пулию қарзӣ ҳаҷми пулҳои захиравӣ ба ҳолати 30 июни соли 2018 14,7 млрд. сомонӣ ва ҳаҷми пули нақд дар муомилот 12,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол ҳаҷми пулҳои захиравӣ 1,2 фоиз ва ҳаҷми пули нақд дар муомилот 5,7 фоиз зиёд мебошад.

563A9489-3.JPG

Дар нимсолаи якуми соли 2018 ҷиҳати таъмини гардиши пул вобаста ба талаботи иқтисодиёт 2 339,5 млн. сомонӣ пули нақд ба муомилот бароварда шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи муътадили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, алалхусус паст гардидани хавфҳои таваррумӣ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ сатҳи меъёри бозтамвилро тадриҷан поён бурда, дар сатҳи 14,0 фоизи солона муқаррар намуд.

3. Қурби пули миллӣ.
Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018 сиёсати реҷаи қурбии “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб”-ро идома дод.

563A9437-4.JPG

Дар моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 3,8 фоиз коҳиш ёфт. Тағйирёбии қурби доллари ИМА дар нимсолаи аввали соли 2018 бо сабаби паст шудани қурби рубли русӣ нисбат ба доллари ИМА, зиёд гардидани тавозуни манфии савдо (зиёда аз 1,0 млрд. доллари ИМА), афзудани фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ, афзоиши хароҷотҳои асъории буҷети давлатӣ барои сохтмони иншооти муҳимми стратегӣ ва таъсири омилҳои мавсимӣ ба амал омад.

4. Низоми бонкӣ.
Ба ҳолати 30 июни соли 2018 дар ҷумҳурӣ 82 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 26 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 7 ташкилоти қарзии хурд ва 32 фонди қарзии хурд фаъолият доранд.

Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ ва уҳдадориҳои умумии онҳо дар ин давра мувофиқан маблағи 20,7 млрд. сомонӣ ва 14,9 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми дороиҳо 4,3 фоиз ва уҳдадориҳо 2,8 фоиз зиёд гардид. Сармояи тавозунӣ бошад, 8,3 фоиз афзоиш ёфта, ба 5,8 млрд. сомонӣ баробар шуд.

563A9409-5.JPG

Пасандозҳо. Ба ҳолати 30 июни соли 2018 бақияи умумии пасандозҳо 9,4 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 3,6 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми бақияи пасандозҳо бо пули миллӣ 36,6 фоиз афзоиш ва бо асъори хориҷӣ 14,0 фоиз коҳиш ёфт. Ҳиссаи онҳо дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо бо пули миллӣ 45,9 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 54,1 фоизро ташкил медиҳад (дар ҳамин давраи соли 2017 мутаносибан 34,8 фоиз ва 65,2 фоиз буд). Нишондиҳандаҳои мазкур аз тадриҷан паст шудани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт шаҳодат медиҳанд.

563A9375-6.JPG

Маблағгузории қарзӣ. Ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ ба ҳолати 30 июни соли 2018 - 3,2 млрд. сомониро ташкил намуд. Теъдоди қарзҳои додашуда дар давраи ҳисоботӣ раванди мусбат дошта, ба миқдори 21,6 фоиз ё 50,5 ҳаз. адад афзоиш ёфта, ба 284,3 ҳаз. адад баробар гардид. Ин нишондод аз зиёд шудани пешниҳоди қарзҳои хурду миёна ба муштариён, аз ҷумла ба соҳибкории хурду миёна гувоҳӣ медиҳад.

Дар нимсолаи аввали 2018 ҳаҷми қарзҳои хурди аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ додашуда 2,3 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,4 фоиз зиёд мебошад.

563A9557-7.JPG

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 33,8 фоизи вазни қиёсӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ ва аз рӯи соҳаҳо бошад, ба савдои хориҷӣ 33,4 фоиз, саноат 10,8 фоиз, истеъмолот 23,5 фоиз, хизматрасонӣ 8,3 фоиз, кишоварзӣ 9,8 фоиз, сохтмон 9,0 фоиз, нақлиёт 3,9 фоиз, миёнаравии молиявӣ 0,5 фоиз ва дигар соҳаҳо 0,8 фоиз рост меояд.

5. Низоми пардохт.
Дар нимсолаи аввали соли 2018 дар қаламрави ҷумҳурӣ шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ мувофиқан 679 адад ва 3935 ададро ташкил намуд, дар ҳамин давраи соли гузашта шумораи банкоматҳо 58 адад кам ва шумораи терминалҳои электронӣ 950 адад зиёд гардиданд. Дар ин давра тавассути низомҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ зиёда аз 54,7 млн. адад пардохт ба маблағи умумии 305,7 млрд. сомонӣ амалӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 шумораи пардохтҳо 70,0 фоиз ва ҳаҷми пардохтҳо 17,6 фоиз зиёд мебошад.

Миқдори умумии кортҳои пардохтие, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ватанӣ ба муомилот бароварда шудаанд, ба санаи 30 июни соли равон, 1 746 621 ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохт дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2017 3,0 фоиз зиёд гардида, 1 713 417 нафарро ташкил намуд.

563A9369-8.JPG

6. Муроҷиати шаҳрвандон.
Дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ қабули муроҷиати шаҳрвандон тариқи шифоҳӣ, телефонӣ, хаттӣ ва тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монда шуда, дар шашмоҳаи аввали соли 2018 дар маҷмӯъ 1 654 адад дархосту шикояти муштариён тибқи тартиби муқарраргардида мавриди ҳаллу фасл қарор гирифт.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 4947

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ