Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ислоҳоти қонунгузорӣ оид ба аҳдҳои таъминнок ва коркарди феҳристи гарав

29.08.2018

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) 28 августи соли 2018 барои намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар дар мавзӯи “Ислоҳоти қонунгузорӣ оид ба аҳдҳои таъминнок ва коркарди феҳристи гарав” мизи мудаввар доир намуд.

563A3272-1.JPG

Чорабиниро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба татбиқи ислоҳот, ҳолати аҳдҳои таъминнок, алалхусус аз рӯи қарзҳои бо амволи манқул таъминшуда шарҳи мухтасар пешниҳод намуда, қайд кард, ки яке аз хусусиятҳои асосии низоми молиявии муътадил дастрасӣ ба маблағгузорӣ мебошад.

563A3293-2.JPG

“Мушкилоти асосии дастрас кардани маблағи қарзӣ бо шартҳои барои ҳарду ҷониб мусоид, чӣ барои қарзгиранда ва чӣ барои қарздиҳанда дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ феълан омили асосии ба таъхир афтодани рушди корхонаҳои хурду миёна мебошад. Омили мазкур дар навбати худ, ба афзоиши қарздиҳӣ ва фазои сармоягузорӣ таъсири манфӣ расонида, ба гароншавии хизматрасонии молиявӣ оварда мерасонад ва хавфҳои марбут ба додани қарзро зиёд мекунад”, - изҳор дошт зимни суханронӣ Сироҷиддин Икромӣ.

563A3277-3.JPG

Дар идомаи чорабинӣ мутахассиси пешбари IFC Мурат Султанов дар мавзӯъҳои “Ислоҳоти қонунгузорӣ оид ба аҳдҳои таъминнок – ҷанбаҳои асосии ислоҳот” ва “Маблағгузорӣ таҳти гарави амволи манқул – маҳсулот ва имкониятҳо”, мутахассиси ҶДММ «Истера» Бобоев Мурод дар мавзӯи “Феҳристи гарав” ба иштирокдорон рӯнамои худро манзур намуданд.

563A3291-4.JPG

Иштирокдорони мизи мудаввар рӯнамоҳои мазкурро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, ба саволҳои худ дар мавзӯи “Вобаста ба ислоҳоти қонунгузорӣ оид ба аҳдҳои таъминнок ва коркарди феҳристи гарав” посухҳои мушаххас дарёфт намуданд.

Муовини Раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ дар ҷамъбасти мизи мудаввар иброз дошт, ки роҳандозии чунин чорабиниҳо муҳим ва саривақтӣ буда, дар кори амалии ҳаррӯза ва баланд бардоштани маҳоратии касбии кормандони низоми бонкии мамалакат аз манфиат холӣ нест.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1755

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ