Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Эмомалӣ Раҳмон - меъмори кохи бегазанди нур

15.11.2018

Имрӯз, 15 ноябри соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва тамоми воҳидҳои сохторӣ бахшида ба таҷлили ҷашнҳои муқаддаси миллат - ба истифода додани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқии обии (НБО) “Роғун” ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад ва маҷлиси тантанавӣ доир гардид. 

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҷаласаи идонаро бо сухани муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо таҷлили ҷашнҳои муқаддас ва пуршукӯҳ табрику муборакбод намуд. Ӯ қайд кард, ки 16 ноябри соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳими сарнавиштсоз – ба истифода додани чархаи аввали яке аз иншооти муҳиму бузурги аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки бо азму иродаи созанда ва пешбарандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ мепайвандад ва он дар таърихи миллати тоҷик бо саҳифаи навин дарҷ хоҳад гардид.

НБО.jpg

НБО “Роғун” дар натиҷаи ҷонфидоиву талошҳои пайвастаи фарзанди барӯманду фарзонаи халқи тоҷик – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, ба истифода додани чархаи аввали ин Кохи нур аз татбиқи ормонҳои халқи тоҷик дар ҳазораи сеюм башорат медиҳад.

Ба фаъолият оғоз намудани чархаи аввали ин кохи бегазанд санае ба кор андохта мешавад, ки вай ҳамчун рӯзи саид ва фаромӯшнашаванда дар тақвими ҷашнвораҳои тақдирсози кишвар ҷойгоҳи махсуси худро касб намудааст, зеро ба арсаи сиёсат омадани Пешвои миллат ва Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин рӯз пайванд мегирад. Оғози фаъолияти ин Кохи нур дар баробари таъмини истиқлолияти энергетикӣ, инчунин ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда, имкони таъсиси даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатиро ба миён меоварад, ки дар натиҷаи он ҳазорон нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд. Тавре Пешвои миллат зимни суханрониҳояшон таъкид медоранд: «Истифодаи захираву имкониятҳои дохилии Тоҷикистон, махсусан тавассути истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ ба роҳ мондани истеҳсоли неруи барқи арзон мустақиман ба рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодии кишвари мо, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва куллан беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мусоидат мекунад».

Тавлиди нур - ин тавлиди бахти нави халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, моро ҳушдор медиҳад, ба қадри сулҳу субот ва оромӣ бирасем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, то баҳри ободиву шукуфоии диёр саҳми арзанда гузорем, - таъкид намуд зимни суханронӣ Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

563A8372-1.JPG

Саҳми Пешвои миллат дар баробари дигар корнамоиҳо дар арсаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дар роҳи бунёд ва таҳкими низоми бонкии мамлакат низ муҳим ва сазовор арзёбӣ мешавад. Зеро, эшон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми роҳбарии кишвар интихоб шудан то ба имрӯз бо дарки амиқи муҳиммияти соҳаи мазкур ба масъалаи сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва ташкили низоми миллии бонкдорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд.

Дар маҷмӯъ, Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон дар бунёди сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва таҳкими низоми бонкдории миллӣ нақши меҳварӣ доранд ва пули миллии сомонӣ, ки ба ибтикори бевоситаи эшон дар муомилот ҷорӣ гардид, на танҳо воситаи муомилот, балки рукни муҳимми давлатдории миллӣ, ки шоистаи эҳтиром мебошад, маҳсуб мегардад. Беҳуда нест, ки худи Пешвои муаззами миллат пули миллиро рукни муҳимми давлатдории миллӣ эътироф намуда, эҳтироми онро барои ҳамагон таъкид намудаанд: “Эҳтироми пули миллӣ, эҳтироми миллат аст!”.

Сипас, корманди Дастгоҳи роҳбарияти бонк, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов оид ба нақши Пешвои миллат дар бунёди иншооти бузурги аср - НБО "Роғун" суханронӣ намуд:

563A8394-2.JPG

- Мо дар арафаи таҷлили ду рӯзи фархунда - Рӯзи Президент ва оғози фаъолияти Неругоҳи барқи обии Роғун қарор дорем. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳар ду ин ду ҷашни хуҷистаро ба ҳамаи Шумо ҳозирони арҷманд бо беҳтарину самимонатарин орзуҳо муборакбод мегӯям. Ин нукта, ки бунёди НБО-и Роғун бо номи Пешвои миллат бастагӣ дорад, ҳақиқати раднопазир аст.

Азизон, бояд ёдовар шуд, ки қабули эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 9 сентябри соли 1991 барои рушди ҳаматарафаи кишвар заминаи созгор муҳайё кард. Давлати ҷавони тоҷикон дар чунин шароиту вазъият ба раҳогари ормоние чун Исмоили Сомонӣ ниёз дошт, ки дар ин марҳилаи сарнавиштсоз тақдири давлатро комилан ба дасти худ гирифта, киштии муроди миллатро аз ин гирдоби фано саломат ба соҳили наҷот бирасонад. Устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурӣ дар ҳамон рӯзгори душвори фоҷеабор дар як мақолаи худ зери унвони “Наҷоти мо аз давлати миллист”, ки 25 июни соли 1992 дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” (№26 аз 25.06.1992) ба нашр расид, бо дили пурумед ба фардои дурахшони миллат чунин ҳадс зада буд: “мумкин аст, шахсияти барҷастае пайдо шавад, ки умдатарин эҳтиёҷоти миллиро амиқан дарк карда, тибқи онҳо бо ҷиддияту қатъияти тамом амал намояд ва давлати иқтидорманди адолатбунёде барпо кунад. Он гоҳ миллат аз рӯйи амалиёту назариёти вай манфиатҳои худро амиқтар дарк мекунад ва ӯро дастгирӣ карда, бо ӯ идеали миллиро ҷомаи амал мепӯшонад...”.

Дуои абармардоне чун устод Шакурӣ мустаҷоб гардид ва ба бахти мардуми мо ва савобдиду салоҳдиди вакилони оқибатбину фарҷомнигари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбарии кишвар ба зиммаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор шуд.

563A8377-3.JPG

Метавон гуфт, бо ин иқдоми созанда ва барқарории сулҳу субот дар ҷомеаи Тоҷикистон ва бо раҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди ҷомеаи озоди демократӣ ва давлати миллӣ камари ҳиммат бастани мардуми тоҷик марҳилаи нави давлатсозии миллии тоҷикон шурӯъ гардид.

Сухани ноб ва ширину шевои тоҷикӣ бори нахуст дар баландтарин минбарҳои ҷаҳон аз забони Пешвои миллат садо дод ва ба ҷаҳониён аз ҳастии давлату миллати тоҷик мужда расонд. Танини забони модарӣ ва забони офаридаҳои Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синову Берунӣ, Носири Хусраву Умари Хайём, Саъдию Мавлоно, Ҷомию Аҳмади Дониш ва Айнию Турсунзода дар ақсои олам аз эҳёи дигарбораи забону фарҳанги ҳазорсолаи тоҷикон дарак дод.

Зебоию шевоии забони модарӣ дар суханрониҳо ва силсилаи асару мақолаҳои Пешвои миллат завқи забондонию забономӯзиро дар дили хурду калон, пиру барно бедор кард.

563A8367-4.JPG

Тоҷикистон бо раҳнамои Пешвои миллат дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки ба истифода додани чархаи якуми “НБО Роғун” шоҳиди воқеии ин гуфтаҳост.  

Дар анҷоми ҷамъомад Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бори дигар ҳозиринро бо ин дастоварди беназири аср ва Рӯзи Президент таҳният гуфта, ба халқи шарифи Тоҷикистони азизу маҳбуб, ки зери роҳбарии Сарвари оқилу дурандеши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар талош меварзанд, барору комёбӣ ва дастовардҳои арзишмандро таманно намуд. Бунёди Роғун ба Сарвари ҷоннисори миллат ва мардуми нурофари тоҷик муборак!

Шуъбаи матбуоти БМТ



Диданд: 3180

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ