Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019

25.01.2019

Дар ҷаласаи васеи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ, ки 25 январи соли 2019 баргузор гардид, натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкии мамлакат дар соли 2018 мавриди муҳокимаи ҳамаҷонибаи иштирокдорон қарор гирифта, вазифаҳо барои соли 2019 муайян гардиданд.

Ҷаласаи ҷамъбастиро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои мавриди амали ҷумҳурӣ ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар самти пурзӯр намудани назорат ва солимгардонии низоми бонкӣ, таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ, пешбурди сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ тавассути фишангҳои муосир ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ тадбирҳои саривақтӣ ва чораҳои таъхирнопазир андешида истодааст, ки нишондиҳандаҳои мусбии макроиқтисодӣ аз он шаҳодат медиҳанд.

NBTL4549-1.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни суханронӣ ҳамзамон, оид ба ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) дар соли 2018 ва рушди воқеии он, муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум, идомаи сиёсати қурбӣ ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда”, афзун намудани ҳаҷми захираҳои байналмилалӣ, омилҳои номуътадил гаштани вазъи бозори дохилии асъор, таъминнокии иқтисодиёт бо пули миллӣ, инчунин ҷиҳати пешгирӣ ва паст намудани хавфҳои асъорию қурбӣ, дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум, фаъолгардонии бозори молиявӣ ва таъминнокии захираҳои байналмилалӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намуда, қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон баҳри иҷрои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва устувории низоми бонкии кишвар дар пайравӣ ва ҳамкорӣ бо ҳамаи мақомоти дахлдор тамоми чораҳои заруриро андешида, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро бо мақсади баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар идома хоҳад дод.

NBTL4504-2.JPG

Дар идомаи ҷаласаи ҷамъбастӣ, директори Департаменти назорати бонкӣ Нурмуҳаммад Шарипов дар навбати худ оид ба вазъи низоми бонкии ҷумҳурӣ, натиҷаҳои ноилгардида ва камбудиҳои ҷойдошта дар соли 2018 рӯнамоии худро манзури иштирокдорон намуд. Мавсуф диққати роҳбарони бонкҳо, ташкилотҳои маблағгузории хурд ва аҳли нишастро ба чанд мавзӯъ, аз ҷумла мавқеи низоми бонкӣ дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, вазъи низоми бонкӣ ва низоми пардохт дар давраи ҳисоботӣ, хавфҳо ва камбудиҳои соҳа, инчунин чораҳои дар ин самт андешидашуда ҷалб намуд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои ҷаласа Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода вобаста ба вазифагузории Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.01.2019) ба Бонки миллии Тоҷикистон дар самти дуруст ба роҳ мондани сиёсати қарздиҳӣ ва ҷалби пасандозҳо, таҷдиди назар кардани сиёсати фоизии онҳо, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, беҳтар гардонидани сифат ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нав, таъмини хизматрасониҳо ҷиҳати татбиқи сиёсати ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ аз ташкилотҳои қарзӣ даъват ба амал овард. Ҳангоми ҷаласа фаъолияти бонкҳо ҳар кадом дар алоҳидагӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои даромаднокӣ, пардохтпазирӣ ва уҳдадориҳо ва ҷалби сармоя натиҷагирӣ карда шуда, афзалият ва камбудиҳои онҳо дар соли 2018 бо таҳлили мушаххас баҳогузорӣ карда шуд.

NBTL4539-3.JPG

Зимни ҷаласа Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев вобаста ба тахассусияти шахсони роҳбарикунанда дар ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла ташкилотҳои амонатии қарзии хурд, тарзи дурусти идоракунии корпоративӣ бо мақсади пешгирӣ кардани хавфҳои эҳтимолӣ пешниҳодҳо манзур намуд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ инчунин сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Наимӣ Аъламхон Қодириён ба сухан баромада, оид ба вазъи низоми бонкӣ ва таҳлили баррасишуда, ибрози назар намуд ва таклифу пешниҳодҳои худро манзури ҳозирин гардонид.

NBTL4480-5.JPG

Баъди баррасии вазъи низоми бонкӣ дар соли 2018 ва натиҷагирии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, бо сухани ҷамъбастӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода баромад намуд. А.Солеҳзода вазъи соҳаро ҷамъбаст намуда, баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати ҶТ (21.01.2019), ки дар зимни он низоми бонкии мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуд, аз ҷумла дар самти ислоҳи камбудиҳои такроршаванда аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ва таъмини волоияти қонунгузорӣ, риояи меъёрҳои мақбул ва андешидани чораҳои қатъӣ аз ҷониби мақоми танзимкунанда нисбати ташкилотҳои қарзӣ дар ҳолати роҳ додани камбудиҳои ҷиддӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусияти кормандони роҳбарикунандаи низоми бонкӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос барои низоми бонкӣ, таъмини шаффофият аз ҷониби бонкҳо ва пешниҳоди ҳисоботҳои воқеӣ, роҳ надодан ба таҳриф ва такмили методологияи пешниҳоди омор ибрози андеша намуд. Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ А.Солеҳзода саҳми ташкилотҳои қарзиро дар татбиқи Стратегияи чоруми умумимиллӣ дар Тоҷикистон – саноатикунонӣ махсусан таъкид намуд, зеро низоми бонкии кишвар ҳамчун ҷузъи калидии иқтисодиёт дар иҷрои Стратегияи мазкур нақши муҳимро иҷро мекунад. Аз ин рӯ, низоми бонкии мамлакат дар соли 2019 баҳри рушди соҳа ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани эътибору нуфузи низом вазифагузорӣ карда шуд.

NBTL4471-6.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода ҷаласаро мавриди ҷамъбаст қарор дода, бо вазифагузорӣ ба низом дар соли 2019 аз ташкилотҳи қарзӣ даъват ба амал овард, ки бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда барои ҷалби бештари сармоя, баргардонидани қарзҳои батаъхирафтода, баланд бардоштани фарҳанги қарздиҳӣ, такмил ва таҷдиди сиёсати қарзӣ, такмили идоракунии корпоративӣ, пурзӯр намудани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосири бонкӣ, васеъ намудани доираи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, саҳмгузорӣ дар саноатикунонии мамлакат, зиёд кардани қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, рушди инфрасохтори деҳот бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 аз ҷониби Пешвои миллат “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин истифодаи имкониятҳои ҳамаҷониба баҳри баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ тадбирҳои судманд андешида, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишондиҳандаҳои назаррас истиқбол намоянд.

Боиси тазаккур аст, ки дар ҷаласаи ҷамъбастӣ муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола, Машрабзода Ҳамидулло ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллӣ ва роҳбарони тамоми ташкилотҳои қарзии мамлакат ширкат варзиданд. 

Ба ҳолати 1 январи соли 2019 дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон 79 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 25 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 6 ташкилоти қарзии хурд ва 31 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 3798

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ