Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ташрифи Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор ба Бонки миллии Тоҷикистон

05.03.2019

Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон таҳти сарварии хонум Падамжа Ханделвал ҷиҳати идомаи гуфтушунид оид ба тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

NBTL6131-1.JPG

Дар доираи сафари корӣ Ҳайати ХБА бо роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал, 4 марти соли 2019, бо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода мулоқоти корӣ доир намуд. Дар мулоқоти мазкур Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва роҳбарони воҳидҳои калидии БМТ ширкат варзиданд.

Зимни мулоқот, ки дар фазои мусоид ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2018, нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ бо назардошти хавфҳои эҳтимолӣ, беҳтар гардидани вазъи молиявии низоми бонкӣ, зарурати таҳким бахшидани асосҳои сиёсати пулию қарзӣ ва ҳамоҳангии он бо сиёсати фискалӣ мубодилаи афкор намуданд.

NBTL6210-2.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни мулоқот бо меҳмонон оид ба фароҳам омадани заминаи мусоид барои рушди ҳамкориҳо дар минтақа, самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар, рушди бахши воқеӣ, муътадилии сатҳи таваррум ва татбиқи босамари фишангҳои нави сиёсати пулию қарзӣ-ҳадафгирии таваррум, устувории бахши молиявӣ, нақшаҳои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта, солимгардонӣ ва таҷдид дар низоми бонкӣ сухан ронд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои ноил гаштан ба мувофиқаи ниҳоӣ дар таҳияи лоиҳаи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ бо дастгирии ХБА изҳори умед карда, ҷиҳати мусоидат дар раванди таҳлилҳо аз рӯи самтҳои дахлдори низоми бонкӣ барои ҳамкорӣ ва пешниҳод намудани маълумоти зарурӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷонибаро баён намуд.

NBTL6194-3.JPG

Роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар навбати худ дар хусуси ноил гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳбудиҳо дар самтҳои ҳадафнок, аз ҷумла коҳиш ёфтани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ изҳори назар карда, дар баробари ин зикр намуд , ки ҳанӯз дар ин самт фаъолияти дахлдорро ба анҷом расонидан лозим аст. Хонум Падамжа Ханделвал инчунин фаъолиятро дар самти коҳиш додани қарзҳои беруна, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, истифодаи фишангҳои муосири монетарӣ ва рушди бозори коғазҳои қиматнок ибрози назар кард.

NBTL6156-4.JPG

Дар идома Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба татбиқи ислоҳот дар бахши бонкдорӣ ва дастрасӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кард. Зикр карда шуд, ки дар ин самт бо ҳамкории Вазорати молия лоиҳаи як қатор тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷорӣ омода гардида, ҷиҳати беҳтар намудани идоракунии молияи давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

Хонум Падамжа Ханделвал изҳор намуд, ки ҷиҳати ҳамкорӣ дар татбиқи ислоҳоти сиёсати монетарӣ ва бахши низоми бонкӣ, ки барои суботи молиявии кишвар ва рушди иқтисодиёт нақши калидӣ дорад, ҳамчунин барои мусоидат намудан дар роҳандозии барномаи нави ислоҳоти иқтисодии Хазинаи байналмилалии асъор барои Ҷумҳурии Тоҷикистон талош хоҳад варзид.

NBTL6133-5.JPG

Дар интиҳои мулоқоти корӣ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба Ҳайати намояндагии ХБА барои дастгирии доимии Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти молиявии байналмилалӣ изҳори сипос намуда, дар иҷрои вазифаҳои дарпешгузошта фаъолияти пурсамар ва бобарору комёбӣ таманно намуд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал, ки роҳбарии ҳайати ХБА оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш дорад, аз санаи 4 то 14 марти соли 2019, бо мақсади омӯзиши вазъи кунунии иқтисодиёт, аз ҷумла низоми молиявӣ- бонкӣ, ҷиҳати тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, бо як қатор вазорату идораҳои калидии кишвар мулоқот анҷом хоҳанд дод.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Диданд: 2790

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ