Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

05.09.2019

05 сентябри соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Муовинони Раис Салимова Лола, Ҳамидулло Машрабзода ва ҳайати кормандони Бонки миллии Тоҷикистон доир гардид.

NBTL6704.JPG

Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ аз ҷониби ҳайати кормандон ва ба толор ворид кардани Парчами давлатӣ оғоз ёфта, баъдан Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бахшида ба ин ҷашни муҳими давлатӣ ва миллӣ суханронӣ намуд.

NBTL6725.JPG

Зимни суханронӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зикр кард, ки бо давлати мустақил эълон шудани Тоҷикистон дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 дар китоби таърихи миллати куҳанбунёди мо саҳифаи наве бо номи даврони Истиқлолият оғоз гардид ва халқи шарафманди мо соҳиби комилҳуқуқ ва воқеии ватани худ гашт.

NBTL6717.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз солҳои аввали Истиқлолият, таъкид намуд, ки бунёди давлати миллӣ марҳилаи бисёр душвор ва ҳассос аст. Аз нахустин рӯзҳои эълони Истиқлолият мушкилоти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, ки хоси ҳамин марҳила мебошанд, дар Тоҷикистон низ пеш омада, домангири ҷомеаи мо гаштанд ва мамлакат ба гирдоби буҳрони сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию маънавӣ кашида шуд.

NBTL6776.JPG

- Ба бахти миллати тоҷик ва бо амри тақдир дар он айёми сарнавиштсоз масъулияти роҳбарии Тоҷикистони азиз ба дӯши фарзанди дилсӯзу ватанпарасти миллат, сиёсатмадори барҷаста Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид. Пешвои миллати мо бо такя ба бузургони гузаштаву имрӯзаи миллат, имону виҷдон ва донишу хиради мардуми шариф тавонист ба Тоҷикистон сулҳ оварад ва зиндагии орому осударо дар мамлакат таъмин намояд,-иброз дошт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

NBTL6823.JPG

Ҳамчунин дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки сулҳи байни тоҷикон, ки бо шарофати хиради азалии мардуми шарафманди мо ба вуқӯъ пайваст, на танҳо аҳамияти умумимиллӣ, балки ҳамчунин аҳамияти фаромиллӣ ва байналмилалӣ пайдо кард. Ин таҷриба, дар таърихи башарият падидаи беназир маҳсуб гардида, метавонад барои фурӯ нишондани оташи ҷанг ва низоъҳои дохилӣ дар дигар минтақаҳои даргири ҷаҳон мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

NBTL6813.JPG

Зикр гардид, ки бо шарофати Истиқлолият ва раҳбариву раҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз чор ҳадафи стратегии мамлакат – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар зина ба зина амалӣ шуда истодаанд, ки ин имкон медиҳад, то Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба кишвари содиркунандаи нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар ва қаламрави транзитӣ табдил ёфта, тадриҷан дар сохтори муносибатҳои иқтисоди ҷаҳонӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намояд.

NBTL6844.JPG

Яке аз воқеаҳои фараҳбахши даврони Истиқлолияти давлатӣ, ки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз он ёдоварӣ намуд, ин ба истифода додани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии Роғун буд. Дар ин маврид Ҷамшед Нурмаҳмадзода ташаббус ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллатро махсус қайд карда, таъкид дошт, ки имсол дар рӯзи таҷлили ҷашни фархундаи Истиқлолият чархаи дуюми ин иншооти бузурги аср ба истифода дода мешавад, ки ин саҳифаи заррин дар китоби таърихи давлатдории нави мо буда, барои ободонии мамлакат ва таъмини истиқлолияти энергетикии он заминаи мусоид мегузорад.

NBTL6863.JPG

- Саҳми барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар бунёди давлати миллӣ, балки дар таҳкими пояҳои ҷомеаи имрӯз, аз ҷумла ташкил ва рушди низоми бонкии мамлакат арзанда мебошад. Имрӯз низоми бонкии мамлакат ҳамқадами Истиқлолият пеш меравад ва ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Вазифаи ҷонии ҳар кадоми мо гузоштани саҳми назаррас дар пешрафти низоми бонкии мамлакат ба ҳисоб меравад, -таъкид намуд Раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

NBTL6691.JPG

Дар поёни суханронии худ Ҷамшед Нурмаҳмадзода бори дигар ҳозиринро бо фаро расидани ҷашни хуҷастаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, бо як сухани Пешвои миллат нутқи худро хотима бахшид: “Мо ҳамеша бояд шукронаи ин миллату давлат ва Истиқлолияти он намоем. Халқу Ватани азизамонро ба ҷон дӯст дорем ва барои ободию шукуфоии он содиқонаву самимона заҳмат кашем”.

NBTL6764.JPG

Дар идомаи чорабинӣ кормандони сермаҳсул ва фаъоли БМТ аз ҷониби роҳбарияти бонк қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, муовини директори Департаменти ҳисобдорӣ – муовини сармуҳосиб Ҷобирова Санавбар ва муовини мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Сираева Зебо бо нишони сарисинагии “Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, ба кормандоне, ки фаъолона меҳнат карда, нишондиҳандаҳои баландро соҳиб гардидаанд, Ифтихорномаи Бонки миллии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 3061

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ