Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ

05.09.2019

05 сентябри соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Кришнамурти Дамодаран ва ҷаноби Данило Куэроз доир гардид. Коршиносон дар доираи татбиқи лоиҳаи кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ аз рӯи “Барномаи устуворнамоии бахши молиявӣ” аз 2 то 13 сентябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ қарор доранд.

Зимни мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки рушди ҳамкориҳо дар самти идоракунии хавфҳо ва омодагии доимӣ ба ҳолатҳои буҳронӣ, дар доираи фаъолияти Шӯрои миллии суботи молиявӣ натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки идомаи корҳо оид ба таҳияи нақшаи фавқулода ҷиҳати идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ, фишангҳои сиёсати макропруденсиалӣ аз қабили омӯзиш ва гузаронидани фишор-санҷишҳо ҷиҳати баҳодиҳии хавфҳо дар низоми бонкӣ ба манфиати кор хоҳад буд.

Дар рафти мулоқот коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Кришнамурти Дамодаран дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аъзои Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар таҳияи дастури методӣ оид ба таҳлил ва пешгирӣ намудани хавфҳои буҳронӣ, бартарафсозӣ, идоракунӣ ва ҳаллу фасли онҳо изҳори ҳавасмандӣ намуд. Дар робита ба ин, коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ гузаронидани вохӯриҳо ва тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар ин самт бо аъзои Шӯрои миллии суботи молиявӣ, аз ҷумла бо Бонки миллии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдори он дар пешгирӣ намудани хавфҳо ба низоми бонкӣ низ зарур арзёбӣ намуданд.

Дар баробари ин, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷ. изҳор дошт, ки Шӯро бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо доир ба коҳиш додани онҳо таъсис дода шуда, дар рушди иқтисодиёти кишвар бояд саҳмгузор бошад. Бинобар ин, иҷрои масъалаҳои дахлдори он, бахусус таҳияи нақшаи фавқулода саривақтӣ буда, иштироки аъзои Шӯро ва Гурӯҳи кории техникӣ дар раванди таҳияи он муҳим арзёбӣ мегардад.

Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки буҳронҳои иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ дар баробари дигар давлатҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ бетаъсир намонд. Аз ин рӯ, аъзои Шӯрои миллии суботи молиявиро мебояд фаъолияти худро дар ҳамоҳангии муштарак ба роҳ монда, баҳри таъмин намудани фаврият дар амалисозии қарорҳои қабулгардидаи Шӯро бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 2203

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ