- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
- Таваррум дар моҳи феврал0,3%
- 3,6%
- Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ36,2
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 12 феврали с.2024)9,5 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (феврал)5,08%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2024
- Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)12,57 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)23,06 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)13,00%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)20,74%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)23,71%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 29.03.2024 1 USD 10.9563 1 EUR 11.8186 1 RUB 0.1187
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Телефони боварии БМТ (44-600-15-20)
- Реҷаи кории телефони боварии БМТ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00
(Танаффуси нисфирӯзӣ: аз 11:30 то 12:30)
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Бонки миллии Тоҷикистон ба аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон - ҶСК “Тавҳидбонк” иҷозатнома дод
Бо мақсади муҳайё намудани заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорӣ намудани бонкдории исломӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” аз 26 июли соли 2014, № 1108 қабул гардид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, шароити мусоидро барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ фароҳам месозад.
Дар марҳилаи нави рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устувор нигоҳ доштани низоми бонкӣ, пешниҳоди маҳсулотҳои бонкдории исломӣ, ки таҷрибаи устувори пешгирикунандаи хавфҳои молиявиро дорад, метавонад маблағҳои озоди аҳолӣ ва сармоягузориҳои дарозмуддати мустақими хориҷиро ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷалб намояд ва замина барои рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва низоми бонкии ҷумҳурӣ гардад.
Маврид ба зикр аст, ки бо ташабусси саҳмиядорони ҶСК “Соҳибкорбонк”, бинобар ба бонки исломӣ табдил додани бонк бо қарори Маҷлиси умумии саҳмиядорон аз 12 июни соли 2019 номи он ба ҶСК “Тавҳидбонк” иваз карда шуд.
Мутобиқи моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 4, 10, 12 ва 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ва бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2019, таҳти №116 ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тавҳидбонк” барои анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни супоридани иҷозатнома барои фаъолияти бонкдории исломӣ ба И.в. Раиси ҶСК “Тавҳидбонк” Шералӣ Зардов изҳор дошт, ки рӯйдоди мазкур барои низоми бонкии кишвар як саҳифаи нав кушода, баҳри ҷалби сармояи хориҷӣ ва кушодани бонкҳои нав бо принсипи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Барои фаъолияти пурсамар баҳри пешрафти низом бо истифода аз таҷрибаи нави бонкдории исломӣ ба роҳбарияти ҶСК “Тавҳидбонк” дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Тибқи қарори мазкур, иҷозатномаи ҶСК “Соҳибкорбонк” барои иҷрои амалиёти бонкӣ, ки аз 14 октябри соли 2013 дода шудааст, бинобар табдилёбӣ ба бонки исломӣ аз эътибор соқит дониста шуд.
Дар робита ба ин, дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии исломӣ ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабтҳои дахлдор ворид карда мешавад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 4637
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ