Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Меъёри бозтамвил 1 банди фоизӣ паст карда шуд

27.07.2020

Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ бинобар таъсири пандемияи коронавирус (COVID-19) ва бо назардошти нисбатан муътадил гардидани интизориҳои таваррумӣ дар ҷаҳон ва дар дохили ҷумҳурӣ, инчунин ҷиҳати дастгирии бахши воқеии иқтисодиёти кишвар меъёри бозтамвил ҳамчун инъикоскунандаи мавқеи сиёсати пулию қарзӣ 1,0 банди фоизӣ паст карда шуд.

Сатҳи таваррум ва омилҳои таъсиррасон. Тибқи маълумоти оморӣ таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи июни соли ҷорӣ ба 8,4 фоиз баробар гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,3 банди фоизӣ кам мебошад.

Болоравии нисбии сатҳи нархҳо асосан дар моҳҳои март-апрели соли равон ба андозаи 3,8 фоиз ба амал омад, ки ба раванди мазкур бештар афзоишёбии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла орд, биринҷ, шакар, равғани пахта, картошка, пиёз ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ таъсири худро расониданд. Аз моҳи майи соли ҷорӣ сатҳи нархҳо нисбатан муътадил гардида, дар моҳи июн коҳишёбии сатҳи таваррум ба андозаи 1,1 фоиз ба қайд гирифта шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби аз доираи дурнамои муқарраршуда 6% (±2 б.ф.) баромадани сатҳи таваррум, асосан аз ҳисоби омилҳои таклифотӣ, пеш аз ҳама авҷ гирифтани пандемияи коронавирус (COVID-19), ки дар натиҷа ба кам гардидани пешниҳоди баъзе аз маҳсулоти асосии хӯрокворӣ, маҳдуд шудани тиҷорати байналхалқӣ, паст будани сатҳи рақобатнокӣ дар бозорҳои дохилӣ, инчунин таъсири омилҳои мавсимӣ замина гузошт, арзёбӣ мегардад.

Новобаста аз мушкилоти мавҷуда, дар натиҷаи чораҳои саривақт андешидашудаи Бонки миллии Тоҷикистон аз қабили гузаронидани амалиётҳои монетарӣ ва мудохилаҳои асъорӣ, фишорҳои таваррумӣ то андозае коҳиш ёфтаанд.

Дар давоми шаш моҳи соли 2020 ҷиҳати танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ-таваррумӣ амонатҳои шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 153,1 млрд. сомонӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 маротиба зиёд мебошад. Дар баробари ин, дар ин давра 60 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки БМТ дар ҳаҷми 7,3 млрд. сомонӣ ва 6 музоядаи Векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 345,1 млн. сомонӣ бо муҳлати гардиши 91 рӯз ва бо меъёри фоизи даромаднокии миёнавазни 0,99% баргузор гардиданд.

Ҳамзамон, ҷиҳати саривақт бо асъори хориҷӣ қонеъгардонии талаботи ширкатҳои воридкунандаи молу маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум (орд, гандум, шакар, равған, сӯзишворӣ, доруворӣ, нуриҳои минералӣ ва ғайра) тибқи руйхати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, БМТ дар моҳҳои январ-июни соли 2020 аз ҳисоби захираҳои байналмилалӣ мудохилаи асъорӣ ба маблағи 104,3 млн. доллари ИМА – ро анҷом дод. Иқдоми мазкур то андозае ба коҳишёбии фишорҳои қурбӣ, муътадилии вазъи бозорҳои дохилӣ ва сатҳи нархҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ мусоидат намуд.

Интизориҳо ва хавфҳо.Маврид ба зикр аст, ки идома ёфтани паҳншавии пандемияи коронавирус (COVID-19) ва авҷ гирифтани мавҷи дуюми он аз эҳтимол дур нест. Новобаста аз ин, оғоз аз моҳҳои майи соли равон тамоюли нисбатан муътадили нархҳо ва қурби асъор дар бештари давлатҳо мушоҳида мегардад.

Нархи нафти навъи брент (Brent) дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар биржаҳои ҷаҳонӣ раванди босуръати коҳишёбӣ дошта, нисбат ба аввали сол 65,6 фоиз коҳиш ёфт. Тибқи маълумотҳои омори ҷаҳонӣ аз моҳи майи соли ҷорӣ вобаста ба чораҳои андешидаи Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (OPEC), беҳтар шудани маҷмӯи талаботи ҷаҳонӣ ва вазъи иқтисодиёти кишварҳо тамоюли болоравии нархи нафт мушоҳида гардида, ба санаи 23 июли соли 2020 нархи навъи брент барои 1 баррел ба 44,3 доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба санаи 31 марти соли ҷорӣ 94,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нархи нафт яке аз нишондиҳандаи муҳим барои иқтисодиёти Федератсияи Русия ба ҳисоб рафта, алоқамандии он бо рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва қурби пули миллии он (рубли русӣ) зиёд аст ва инчунин болоравии нархи он дар бозори ҷаҳонӣ метавонад ба беҳтар гардидани вазъи иқтисодии ин кишвар мусоидат намояд.

Таъсири манфии пандемияи мазкур ба қурби асъори аксари давлатҳо дар давоми семоҳаи якуми соли ҷорӣ низ назаррас буда, ба санаи 31 март нисбат ба доллари ИМА рубли Русия 28,7 фоиз, гривнаи Украина 18,5 фоиз, тенгеи Қазоқистон 17,5 фоиз, соми Қирғизистон 16,0 фоиз, лираи Туркия 10,4 фоиз, ларии Гурҷистон 14,3 фоиз, рубли Белорус 23,8 фоиз ва рупияи Покистон 7,0 фоиз коҳиш ёфтанд. Аз семоҳаи дуюми соли ҷорӣ бошад, тамоюли болоравии қурби асъори бештари кишварҳо аз қабили юани Чин, рубли Русия, гривнаи Украина, тенгеи Қазоқистон, соми Қирғизистон, драми Арманистон, ларии Гурҷистон, рубли Белорус, Евро ва Фунт стерлинги Англия ба қайд гирифта шуданд.

Тибқи маълумоти омори расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ММД – и номиналӣ дар моҳҳои январ – июни соли равон маблағи 32,4 млрд. сомониро ташкил дода, рушди воқеии он ба 3,5 фоиз баробар шуд. Рушди иқтисодиёт асосан аз ҳисоби 9,2 фоиз афзоиш ёфтани истеҳсолот дар соҳаи саноат ва 8,2 фоиз дар соҳаи кишоварзӣ ба амал омад. Бинобар таъсири манфии пандемияи коронавирус (COVID-19) рушди иқтисодиёти кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 банди фоизӣ паст мебошад, ки он асосан аз ҳисоби коҳишёбии соҳаҳои хизматрасонии пулӣ (-4,8%), сохтмон (-4,6%) ва гардиши савдои чакана (-1,1%) ба вуқӯъ пайваст.

Эҳтимолияти идомаёбии паҳншавии пандемияи коронавирус (COVID-19) дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон ва минтақа таъсири манфии худро метавонад ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бинобар зиёд шудани таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла маҳдуд гардидани равобити марзӣ ва коҳиш ёфтани муомилоти тиҷоратӣ, кам шудани ҳаҷми сармоягузориҳо, паст шудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ ва маҷмӯи талаботи аҳолӣ расонад.

Мавқеи сиёсати пулию қарзӣ. Вобаста ба ҳолати пандемияи коронавирус (COVID-19) ва эҳтимолияти сар задани мавҷи дуюми бемории мазкур, кам шудани талабот, суст шудани фаъолнокии иқтисодиёт ва дигар омилҳо аксари бонкҳои марказии давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати дастгирии иқтисодиёт бо назардошти интизориҳои сатҳи пасти таваррум сиёсати ҳавасмандгардонии монетариро амалӣ намуда истодаанд, ки ин дар солҳои оянда боиси афзоиши маҷмӯи талабот ва барқарор шудани рушди иқтисодиёти ҷаҳон хоҳад гашт.

Дар робита ба ин, дар семоҳаҳои минбаъда эҳтимолияти кам шудани хавфҳои таваррумӣ аз ҳисоби нисбатан зиёд шудани таклифот бинобар ҷамъоварии ҳосили соҳаи кишоварзӣ, нисбатан беҳтар шудани вазъи иқтисодиёти ҷаҳон, коҳишёбии маҷмӯи талабот бинобар камшавии вуруди интиқолҳои пулӣ, паст шудани суръати рушди иқтисодиёти кишвар, маҳдуд намудани содироти баъзе аз маҳсулоти хӯрокворӣ, нисбатан муътадил гардидани суръати болоравии сатҳи нархҳо дар ду моҳҳои охир, паст будани интизориҳои таваррумӣ дар бештари давлатҳои шарикони асосии савдо ва коҳиш додани меъёри фоизӣ дар бонкҳои марказии ин кишварҳо, инчунин нисбатан муътадил гардидани вазъи бозори дохилии асъор вобаста ба камшавии воридот ва маҷмӯи талабот дар назар аст.

Бо дарназардошти омилҳои эҳтимолии болозикр ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти кишвар дар шароити кунунӣ, аз ҷониби Кумита қарор қабул карда шуд, ки меъёри бозтамвил 1 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 10,75 фоизи солона аз 3 августи соли 2020 муқаррар карда шавад.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат ва таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ идома хоҳад дод.


Диданд: 3575

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ