Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Тавзеҳ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”

25.08.2020

Тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” идомаи ислоҳоти низоми бонкӣ буда, бо мақсади такмил ва мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни мазкур ба қонунгузории ҷорӣ, таҷрибаи байналмилалӣ, пурзӯр намудани назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва манфиатҷӯӣ дар низоми бонкӣ, сарфи назар аз шакли моликият, пешбинӣ намудани маҳдудияти фаъолияти хешовандони наздик таҳия шудааст.

Вобаста ба ин, тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” дар самти фаъолияти якҷояи хешовандони наздик дар сатҳи кормандони роҳбарикунанда, Шӯрои нозирон, масъулияти онҳо ва идоракунии корпоративӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла:

Пеш аз ҳама қайд кардан лозим аст, ки барои бартараф намудани гуногунфаҳмиҳо, пурра намудани мафҳумҳо ва мутобиқ намудани талаботи Қонуни мазкур бо дигар қонунҳои ҷорӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ якчанд моддаи қонуни амалкунанда такмил дода шуда, баъзе моддаҳо дар таҳрири нав қабул ва баъзе моддаҳои нав илова карда шудааст.

Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки яке аз сабабҳои ба мушкилоти молиявӣ дучор шудани бонкҳои муаммодор ва барҳам хӯрдани аксарияти ташкилотҳои қарзӣ ин якҷоя фаъолият намудани хешовандони наздик дар сатҳи роҳбарикунанда мебошад.

Бинобар ин, ба қонун моддаи нав бо мақсади роҳ надодани фаъолияти якҷояи хешовандони наздик дар ташкилотҳои қарзӣ ва пешгирии хавфҳои амалиётӣ аз амалу беамалии онҳо ҳангоми гузаронидани амалиёти бонкӣ илова шудааст.

Ҳамзамон, бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани хавфҳои ба амалиётҳои бо шахсони вобаста анҷомдодашаванда, назорати маҷмӯии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, бо назардошти ҷамъиятҳои алоқаманд, вобаста ва фаръии онҳо моддаҳои амалкунандаи қонун такмил дода шудааст.

Инчунин, дар қисмати идоракунии корпоративии ташкилотҳои қарзӣ, ваколатҳои Шӯрои нозирон, талабот ба узви Шӯро, ваколату уҳдадориҳои Кумитаи аудит, тартиби ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок ва сармоягузории ташкилотҳои қарзӣ ба дигар шахсони ҳуқуқӣ тибқи стандартҳо ва таҷрибаи байналмилалӣ таҷдиди назар карда шудааст.

Дар баробари ин, тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” муқаррароти онро бо қонунгузории амалкунанда ва стандартҳои байналмилаливу таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ҳамоҳанг намуда, таклифу пешниҳодҳои мушовирони байналмилалиро низ фаро гирифтааст.


Диданд: 1361

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ