Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ҷонибдорӣ аз иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат

29.12.2020

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии иқдомҳои хайрхоҳонаи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти кӯмак ба табақаҳои осебпазири ҷомеа дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба бошандагони Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” кӯмак расонида шуд.

NBTL4033.JPG

Кӯмакҳои мазкур беш аз 1 тонна маводи хӯрока (равған, биринҷ, гречка, переловка, макарон, донагӣ), 14 номгӯй либоси зимистона аз қабили болопӯш, жемпирҳои мардонаю занона, мӯза, кӯлоҳ ва ғайра барои мавсими зимистонгузаронии солҳои 2020-2021 ва дастгоҳи барқии гармидиҳанда, 240 адад туҳфаи солинавӣ, маводҳои гигиенаи шахсӣ барои беҳдошти вазъи саломатӣ ва навъҳои гуногуни ширинӣ иборат мебошад. Кӯмаки мазкур аз ҷониби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба бошандагони Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” дастрас карда шуда, аз вазъи шароити зисти бошандагон дидан карда шуд ва либосҳои гарму туҳфаҳо супорида шуд.

NBTL3984.JPG

Маврид ба зикр аст, ки ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ғамхорӣ дар ҳаққи  ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии ҳамешагии онҳо аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як  иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳраманд мегарданд.

NBTL3966.JPG

Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ карда,   ба таври доимӣ новобаста аз иду айём ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз хоҳад кард.

NBTL4041.JPG

Шуъбаи матбуот


Диданд: 1401

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ