Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор

21.10.2021

Санаи 18 октябри соли 2021 дар доираи ташрифи маҷозии Ҳайати ХБА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани машваратҳо тибқи Моддаи IV мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва роҳбари нави Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон Селим Элекдаг баргузор гардида, дар рафти он масъалаҳои таҳкими равобити дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

NBTL5285.JPG

Дар оғози мулоқот Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба роҳбари нави Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон Селим Элекдагро бо таъйин шудан ба ин вазифаи пурмасъул табрик гуфт ва барои фаъолияти минбаъда ба ӯ муваффақият орзу намуд.

Дар навбати хеш, ҷаноби Селим Элекдаг ба Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон барои паёми табрикотӣ изҳори ташаккур намуда, ҳавасмандии худро аз ҳамкории босамар ва барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш иброз дошт.

NBTL5336.JPG

Баъдан Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода оид ба вазъи макроиқтисодии кишвар, аз ҷумла рушди воқеии ММД, сатҳи таваррум, суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, вазъи бозори дохилии асъор ва дигар нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ маълумот дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба иқдоми минбаъдаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолати ба амал омадани хавфҳои эҳтимолии ғайричашмдошт, аз ҷумла хатарҳои монанд ба пандемияи COVID-19, таъмини устувории сиёсати пулию қарзӣ дар вазъияти афзоиши нархҳои ҷаҳонӣ, барномаи кӯмакҳои техникӣ оид ба танзими самараноки бозори асъор ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва ХБА ибрози назар карданд.

NBTL5304.JPG

“Пандемияи COVID-19 бори дигар собит сохт, ки хатарҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти ҷаҳон ҳамеша таҳдид менамоянд ва ҳеҷ кишваре дар алоҳидагӣ наметавонад дар муқобили он истодагарӣ намояд. Танҳо тадбирҳои саривақтӣ, нақшаи дақиқи коҳиши хатарҳо, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ метавонад пайомадҳои чунин хатарҳои эҳтимолиро коҳиш диҳад”,-иброз дошт Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода.

Дар робита ба ин, ҷаноби Селим Элекдаг изҳор дошт, ки ХБА ҳамкориро дар самтҳои барои ҷониби Тоҷикистон афзалиятнок, ки дар таъмини суботи молиявии кишвар ва рушди иқтисодиёт нақши муҳим мебозанд, идома хоҳад дод.

NBTL5295.JPG

Дар поёни мулоқот Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода ибрози итминон намуд, ки ҳамкориҳои пурсамари Бонки миллии Тоҷикистон бо ХБА барои рушди минбаъдаи низоми бонкӣ ва дар умум, иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 1450

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ