Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Забони тоҷикӣ асоси ҳастии миллат ва шаҳсутуни бинои давлатдории миллии мост

05.10.2022

Ҳамасола 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари кишвар бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. 

Бо мақсади гиромидошти ин санаи муборак, ки дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, 4 октябри соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид, ки дар он муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс, муовинони раиси бонк Шарифзода Фируз, Салимзода Алиҷон ва аҳли кормандони бонк иштирок намуданд.

NBTL2336-1.JPG

Дар ибтидо Толибзода Фирдавс аҳли нишастро ба муносибати ин санаи пурифтихори таърихи навини давлатдории Тоҷикистон, ки самараи неки даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад, табрику шодбош гуфта, қайд кард, ки забони давлатӣ аз рукнҳои муҳим ва асосии давлатдории миллӣ буда, дар пойдорию таҳкими давлати миллӣ мақому нақши муассир дорад.

Номбурда изҳор намуд, ки бо шарофати иқдому талошҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифода қарор гирифта, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суръати бештар пайдо кард. Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат дар як суханронии худ масъалаи амалӣ намудани муқаррароти қонуни забонро вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди кишвар эълон намуда, таъкид бар он доштанд, ки: “Вазифаи ҷонии мову Шумо аз он иборат аст, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар пурра ҷорӣ шудани забони давлатиро таъмин намоем, таҳқиқи илмӣ ва таълими ҳаматарафаи онро вусъат бахшида, забони гуворои ноби тоҷикиро аз олоишҳои бегонаю унсурҳои маҳаллӣ пок созем”.

Чунин муносибати самимонаи Пешвои муаззами миллат соҳибони забонро водор менамояд, ки барои рушду такмили забони давлатӣ ҳарчи бештар кӯшиш намоянд, то ки ин забон ба забони фарогири корӣ ва муошират, яъне забони ҷавобгӯи ҳамаи ниёзҳои даврони истиқлол ва давлати мустақил табдил ёбад.

NBTL2319-2.JPG

Мавсуф таъкид намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар баробари дигар вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои кишвар дар амри пешрафти забони тоҷикӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолона саҳм гузошта, таҳияи дастурамалҳо, низомномаҳо, лавҳаву овезаҳо, резаахбор ва маҷаллаи "Бонкдорӣ, Тараққиёт, Ҷаҳонишавӣ", ҳамчунин коргузорӣ ва санаднигорӣ дар тамоми идораву шуъбаҳо ва баргузории ҳамоишу машварату ҷаласаҳо бо забони давлатӣ сурат мегиранд. 

Сипас, сардори шуъбаи тарҷума, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Султон Ҳасан дар мавзуи “Забони тоҷикӣ ва Истиқлоли давлатӣ” суханронӣ намуда, қайд кард, ки ин забони асил сарвати бебаҳо ва яке аз муқаддасоти миллии мо маҳсуб ёфта, мо соҳибзабонон дар ҳифзи покизагию асолат ва ширинию шевоии он дар назди насли имрӯзу фардо масъулияти бузург ба зимма дорем ва онро бояд ҳамчун волотарин сарвати миллӣ посдорию нигаҳбонӣ кунем ва баҳри рушду таҳкими минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода барем.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро муҳимтарин унсури ҳастию бақои умри миллат маънидод карда, дар суханроние, ки рӯзи 27 сентябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ироа фармуданд, рисолати миллатсозию давлатсозии онро бори дигар таъкид намуданд: “Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастию бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони Истиқлол ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозию давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст”, - ёдовар шуд Султон Ҳасан.

NBTL2322.JPG

Дар идомаи ҷаласа раиси Шӯрои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон Раҳмонзода Фаромӯз иброз дошт, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам маҳсуб ёфта, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Адибону донишмандони оламшумул асарҳои безавол ва ҷовидонаву орифонаи худро ба забони тоҷикӣ муаррифӣ намудаанд. Зикр гардид, ки ҳастии ҳар як халқу миллат ба гиромидошти забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ муваззаф аст, ки забони модарии худро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намоянд. Ҳифзи ин сарвати беназири миллат барои омӯхтану аз худ кардани дигар забонҳо мусоидат менамояд.

Сардори шуъбаи назорати бонкдории исломии Департаменти назорати бонкӣ Уроқова Кибриё оид ба гиромидошти забони тоҷикӣ, ҳифзу нигоҳ доштани асолату покизагии ин ганҷи бебаҳои миллат ва ба насли минбаъда мерос гузоштани ин забони шевою шоирона ибрози андеша намуд.

Дар интиҳо муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бори дигар аҳли нишастро ба ифтихори таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфта, таъкид бар он дошт, ки ҳар як фарди ҷомеа, аз ҷумла ҳар як корманди Бонки миллии Тоҷикистонро зарур аст дар пешрафту шукуфоии забони тоҷикӣ, ки мероси гаронбаҳои гузаштагони мо ба ҳисоб меравад, саҳмгузор бошад ва дар роҳи посдорию нигаҳбонии забони ширину ноби модарӣ пайрави арзандаи Пешвои муаззами миллати худ бошад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1295

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ