Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон бод!

25.11.2022

Ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс, муовинони раиси БМТ Шарифзода Фирӯз, Салимзода Алиҷон ва аҳли кормандони бонк ширкат варзиданд.

Чорабинии идонаро муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс оғоз намуда, нахуст иштирокдорони ҷаласаи тантанавӣ ва дар симои онҳо тамоми кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии он самимона табрику таҳният гуфт.

Мавсуф зикр кард, ки воқеан, 30 сол аз ин муқаддам, яъне 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии кишвари соҳибистиқлоли мо аз тарафи вакилони халқ қабул гардид. Ҳамчунин бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он ҳамин рӯзи қабули Парчам - 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Имсол сездаҳ сол мешавад, ки дар кишвари мо ин сана ҳамчун рӯзи ид бо тантана таҷлил мегардад.

Толибзода Фирдавс таъкид бар он дошт, ки Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлату миллат ба ҳисоб меравад ва дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла дар гузаронидани маъракаҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳамарӯзаи ҷомеа мавқеъ ва нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як сокини мамлакат, аз ҷумла кормандони низоми бонкии мамлакат ва Бонки миллии Тоҷикистон қарор бигирад.

IMG_9284.JPG

“Қобили қайд аст, ки ба фаъолияти давлатдорӣ шуруъ кардани Пешвои миллат аз адои савганди садоқат зери ҳамин Парчами давлатӣ оғоз шудааст ва барқарории сулҳу субот ва музаффариятҳои минбаъдаи мардуми мо, аз ҷумла бунёди нақбу роҳҳои мошингарди ҳозиразамон, роҳҳои оҳан, бунёд ва ба истифода додани неругоҳҳои хурду калон, махсусан чархаҳои якуму дуюми НБО-и Роғун ва бунёдкориҳои дигар ҳама дар зери ҳамин Парчам амалӣ шудаанд.

Имрӯз, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар тамоми шаҳру деҳоти Тоҷикистон ва гӯшаву канори дигари олам парафшонӣ мекунад ва аз ҳастии давлату миллати мо мужда мерасонад”, - иброз дошт Фирдавс Толибзода.

Сипас, дар идомаи ҷаласаи тантанавӣ сардори Шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти БМТ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология Султон Ҳасан, муовини директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии БМТ Саломзода Гулнора ва узви Созмони ҷавонони бонк Нозимҷон Ҳасанов фикру андешаҳои худро дар бораи саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эълон шудани 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи парчамдории миллати тоҷик, нақши парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, ифтихори мардум аз Парчами давлатӣ ва чун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон будани парчам баён намуданд.

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинии тантанавӣ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода таъкид кард, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи парчами миллӣ чунин иброз доштанд: "Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад".

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар аҳли нишастро ба ифтихори ин ҷашни фархунда – 30-солагии рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, иброз дошт, ки ба бахти ҳамаи мо Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон бошад.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Диданд: 973

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ