Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Омодагӣ ба ҷамъбасти озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон” идома дорад

04.05.2023

Тавре иттилоъ дода будем, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии Протоколи ҷаласаи 22 - юми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2022 оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз рӯйи натиҷаи фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2022, озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон”- ро аз рӯйи номинаи додани қарз/маблағгузории исломӣ, ҷалби пасандозҳо, кушодан ва пешбурди суратҳисоби бонкӣ ва додани кафолати бонкӣ баргузор намояд.

Дар робита ба ин, ба хотири саривақт иттилоъ ёфтани ташкилотҳои қарзии молиявӣ 10 феврали соли 2023 дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон эълони озмун ҷойгир карда шуд, ки то имрӯз 22 ташкилоти қарзии молиявӣ барои иштирок дар он маълумотҳои дахлдори худро оид ба фаъолияти худ дар самтҳои зикршуда ҷиҳати баррасӣ, таҳлил ва коркард ба ҳайати доварони озмун пешниҳод карданд.

Маврид ба зикр аст, ки баъди эълон шудани озмун 3 маҷлиси Кумитаи тадорукоти ин чорабинӣ гузаронида шуда, дар он масъалаҳои ташкилӣ ва маълумотҳои пешниҳодкардаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ баррасӣ карда шуданд.

Илова бар ин, як қатор корҳои ташкилӣ оид ба баргузор намудани даври ҷамъбасти озмуни мазкур аз ҷониби Кумитаи тадорукот иҷро гардида, тасмим гирифта шуд, ки санаи 12 майи соли 2023 соати 17:00 дар Бонки миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун ва маросими ҷоизасупорӣ баргузор гардад.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Диданд: 851

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ