Вохӯрии Ҳоким Холиқзода бо Антонелла Бассани

Ахбор

Вохӯрии Ҳоким Холиқзода бо Антонелла Бассани


Дар мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани, ки 17 апрел дар шаҳри Вашингтон шуда гузашт, масъалаҳои марбут ба вазъи иқтисодии кишвар, аз ҷумлаи соҳаҳои энергетика, рақамикунонӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дигар самтҳои таъмини рушди иқтисодӣ муҳокима гардиданд.

05-min.jpg

Роҳбари ҳайат - муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ,Ҳ. зимни мулоқот бо ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба вазъи макроиқтисодии кишвар дар соли 2023 маълумот дода, қайд намуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз шарикони асосии таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти мамлакат саҳми назаррас дорад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масоили сохтмони иншооти бузурги стратегӣ – “Неругоҳи барқи обии Роғун”, маблағгузории Тоҷикистон барои соли 2024 дар ин лоиҳа ва ҷалби маблағгузории алоҳида тавассути лоиҳаҳои Бонки Ҷаҳонӣ, инчунин ҷиҳати зиёд кардани захираҳои молиявӣ ва беҳтар шудани сифати сандуқи қарзии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули андеша намуданд.

05-5-min.jpg

Хотиррасон менамоем, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаҳои баҳории ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ.Ҳ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Н.Ҳ, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Ф.С, раиси Бонки милии Тоҷикистон Толибзода Ф.Н, , намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ Амирзода П.Ҳ ва директори департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки милии Тоҷикистон Бояков З.Ғ. намояндагӣ менамоянд.

 

Шуъбаи матбуоти 
БМТ

Диданд: 592

18.04.2024

Возврат к списку