Мулоқотҳои Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкатҳои байналмилалӣ

Ахбор

Мулоқотҳои Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкатҳои байналмилалӣ


Дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳории ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад аз 16 то 20 апрели соли 2024 бо намояндагони якчанд ширкати байналмилалӣ вохӯриҳои дуҷониба гузаронид.

Аз ҷумла, санаи 16 апрел раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкати байналмилалии “Alvarez & Marsal Middle East”, ки ба хизматрасониҳои машваратӣ машғул аст, мулоқот дошт. Дар мулоқоти мазкур, ҷонибҳо оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ дар низоми бонкӣ оид ба ислоҳоти қурби асъор, сиёсати пулию қарзӣ, рушди бахши бонкӣ ва молиявӣ табодули назар намуданд.

Хабари 12 Алварес 01-min.jpg

Санаи 17 апрел раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки федералии захиравии Ню-Йорк вохӯрд. Дар вохӯрӣ муносибатҳои мутақобила ва имконоти пурзур намудани самтҳои ҳамкории тарафҳо муҳокима гардиданд.

19 апрел Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкати рейтингии байналмилалии “Moody’s Investors Service” мулоқот анҷом дод. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масоили амалиётҳои бозорӣ, муносибат бо сохторҳои тиҷоратӣ, ҳамзамон устувории иқтисодиёти кишвар дар баробари фишорҳои беруна ва пардохтпазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули андеша намуданд.

Модееис 01-min.jpg

Инчунин, ҳамин рӯз Толибзода Ф.Н бо намояндагони ширкати “De La Rue” мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот маҳсулот - хизматрасонии ин ширкати британиягӣ оид ба чопу нашри коғазҳои қиматнок (банкнотаҳо, шиносномаҳо, ҳуҷҷатҳои дорои унсурҳои баланди ҳимоявӣ) муаррифӣ гардиданд.

Дар қисмати дигари рӯз, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар мизи мудаввар ва муколамаҳои Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) вобаста ба маблағгузории “сабз” (PPD), пешбурди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (DFS) ва инфрасохтори фарогири рақамӣ иштирок намуд.

Дар ин ҳамоишҳо иштирокдорон оид ба мавзуҳои “Маблағгузории фарогири сабз: аз ба нақшагирӣ то амалия”, “Инноватсия дар инфрасохтори рақамӣ”, “Ҳамкории бахши хусусӣ бо мақомоти давлатӣ ва танзимгарони молиявӣ вобаста ба бехатарӣ ва миқёси хизматрасониҳои инфрасохтори рақамӣ”, “Омилҳои асосии муваффақият ва дурнамоҳо ҷиҳати таъмини устуворӣ ва таъминоти дарозмуддати захираҳои IDI” ва “Идоракунии IDI, хусусан аз нуқтаи назари шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ, барои ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятӣ” ибрози назар ва табодули таҷриба намуданд.

 

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

Диданд: 1022

24.04.2024

Возврат к списку