- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
- Таваррум дар моҳи феврал0,3%
- 3,6%
- Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ36,2
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 12 феврали с.2024)9,5 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (феврал)5,08%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2024
- Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)12,57 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)23,06 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)13,00%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)20,74%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)23,71%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 01.04.2024 1 USD 10.9511 1 EUR 11.8173 1 RUB 0.1187
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Телефони боварии БМТ (44-600-15-20)
- Реҷаи кории телефони боварии БМТ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00
(Танаффуси нисфирӯзӣ: аз 11:30 то 12:30)
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Ахбор
Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки айни замон марҳилаи навбатии қабули довталабон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар макотибҳои олии Донишкадаи байналмилалии шабакавӣ дар самти МҚД/МТ дар соли 2022 оғоз гардидааст.
27 октябри соли 2021 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода директори идоракунандаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, хонум Жужанна Харгитай, роҳбари Намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Рика Ишии ва мушовири директорони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия, Аврупои Ғарбӣ ва Қавқоз Евгений Офрихтерро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.
26 октябри соли 2021 Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Накҳатзода Моҳбону Киромиддин бо Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди рақамӣ ва ҳамзамон роҳбари лоиҳаи “Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон” ҷаноби Хуан Навас-Сабатер, ки аз 25 то 29 октябри соли 2021 бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мулоқоти корӣ анҷом дод.
Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212007079, ки 27 октябри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:
Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2021, таҳти №160 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо сабабҳои асоснок Иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Кафолатбонк” бозхонд карда шуд.
22 октябри соли 2021 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ҷаноби Бо Ли мулоқоти маҷозӣ анҷом дод.
Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2021, таҳти №158 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” бинобар сабаби тағйир ёфтани номи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Аудит С”...
Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212007078, ки 22 октябри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:
Санаи 18 октябри соли 2021 дар доираи ташрифи маҷозии Ҳайати ХБА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани машваратҳо тибқи Моддаи IV мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва роҳбари нави Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон Селим Элекдаг баргузор гардида, дар рафти он масъалаҳои таҳкими равобити дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
19 октябри соли 2021 муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар доираи баргузории Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Лоиҳаи кӯмаки техникӣ барои Барномаи таҳкими бахши молиявии Тоҷикистон бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юрг Фолленвайдер ва Рето Вайерманн мулоқот анҷом дод.
Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212091077, ки 20 октябри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:
18 октябри соли 2021 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад бо ҳайати коршиносони Бонки Осиёгии Рушд (БОР) мулоқоти фосилавӣ анҷом дод.
Музоядаи амонатии Бонки миллии Тоҷикистон барориши МА2136040, ки 19 октябри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:
Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212007076, ки 18 октябри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:
Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2021, таҳти №148 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” барои кушодани намояндагии Ҷамъияти саҳомии масъулияти маҳдуди “Бонки кишоварзии Чин” дар шаҳри Душанбе розигӣ дода шуд.
Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2021, таҳти №149 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Пайванд Гуруҳ” барои додани Иҷозатнома розигӣ дода шуд.
14 октябри соли 2021 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Ҷордан мулоқоти фосилавӣ доир намуд, ки дар он масоили ҳамкории низоми бонкии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Музоядаи қарзии Бонки миллии Тоҷикистон барориши МФ213928, ки 14 октябри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Дархости маълумотро барои Низоми автоматишудаи бонкӣ бо мақсади иваз кардани низоми мавҷуда эълон менамояд.
Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212182075, ки 13 октябри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 12 октябри соли 2021, таҳти №147 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» Иҷозатномаи фаъолияти Мастеркард Европа СА (Mastercard Europe SA)-ро барои фаъолияти оператори низоми пардохтии «Mastercard» ба муҳлати 5 (панҷ) сол тамдид намуд.
Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2021, таҳти №146 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» амали Иҷозатномаи Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии “Платежный Центр” (Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд) бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати амали он, қатъ карда шуд.
8 октябри соли 2021 муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович муовини роҳбари Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хонум Бридҷит Уокерро, ки барои анҷоми мулоқоти арзи адаб ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.
Бонки миллии Тоҷикистон ба иттилои роҳбарияти “Азия-плюс” ва муаллифи матлаби “Таджикистан причислили к странам с наивысшим уровнем риска отмывания денег” (https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20211011/tadzhikistan-prichislili-k-stranam-s-naivisshim-urovnem-riska-otmivaniya-deneg) Пайрав Чоршанбиев, ки масъули бевоситаи таъмини саҳеҳияти ахбори интишорёфта мебошанд, мерасонад, ки дар матлаби зикрёфта ба чандин иштибоҳ роҳ дода шуда, маълумоти носаҳеҳ манзури ҷомеа гардидааст.
Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин озмун эълон менамояд:
Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212007074, ки 11 октябри соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:
Ахбор 625 - 650 аз 5137
Аввал | Пешӣ | 23 24 25 26 27 | Баъдӣ | Охир
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ