Ҷалби пасандозҳо – самти асосии фаъолияти низоми бонкӣ

Бойгонии ахбор
03.04.2012

Ҷалби пасандозҳо – самти асосии фаъолияти низоми бонкӣ

    Дар фаъолияти низоми бонкӣ яке аз самтҳои асосӣ - ин ҷалби пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошад. Таҳлил нишон медиҳад, ки бақияи пасандозҳо дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,6 фоиз афзудааст. Аз ин маблағ ба пасандозҳо 1 609,4 млн. сомонӣ бо пули миллӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,3 фоиз) ва 2 811,5 млн. сомонӣ бо асъори хориҷӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 38,7 фоиз) рост меоянд.
     Таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳоро 44,3 фоиз ё маблағи 1 959,8 млн. сомонӣ пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 55,7 фоиз ё 2 461,1 млн. сомонӣ пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
     Мувофиқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ-феврали соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 16,79 фоиз ва пасандозҳо бо асъори хориҷӣ 14,63 фоизи солонаро ташкил намуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку