Афзоиши пасандозҳои аҳолӣ назаррас аст

Бойгонии ахбор
25.04.2012

Афзоиши пасандозҳои аҳолӣ назаррас аст

    Ҷалби бештари пасандозҳои аҳолӣ дар айни замон тамоюли асосии рушди низоми бонкии кишварро инъикос менамояд ва самараи он тули бештар аз чор соли охир мушоҳида мешавад.
   Тибқи маълумотҳои оморӣ, алалхусус моҳҳои охир пасандозҳо дар бонкҳои кишвар зиёд шуда истодаанд. Масалан, дар моҳи марти соли равон бақияи пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,9 фоиз афзуд. Дар таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо 44,5 фоиз ё 2019,9 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 55,5 фоиз ё 2520,1 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
    Фоизи миёнавазни пасандозҳо бошад, дар семоҳаи якуми соли 2012 бо пули миллӣ 16,47 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 13,66 фоизи солона баробар шуданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку