Фоизи миёнавазни қарзҳо паст мешавад

Бойгонии ахбор
30.04.2012

Фоизи миёнавазни қарзҳо паст мешавад

   Дарёфт ва ҷалби маблағҳои озод, пешниҳоди саривақтии қарзҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкории хурду миёна ва табақаҳои гуногуни ҷомеа, дар рушди бахши корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муассир дорад.
     Бақияи қарзҳо то охири семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 фоиз афзуд. Нишондиҳандаи мазкур то санаи 1 апрели соли равон бо пули миллӣ 1825,0 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 2511,8 млн. сомониро ташкил дод.
     Фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ бо пули миллӣ ба 24,26 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 19,89 фоизи солона баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 банди фоизӣ паст мебошад.
    Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда бинобар бештар гаштани талабот ба он, дар ин давра зиёд шуд ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,3 фоиз афзуд. Аз он ҷумла 140,2 млн. сомонӣ қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21,6 фоиз зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку