17.05.2012
Каме коҳиш ёфтани қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро дар ҳафтаи равон
Тули рӯзҳои ҳафтаи ҷорӣ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар атрофи 4,8490-4,8700 сомонӣ қарор дошт.
Дар ин давра қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро андаке паст шуда, мувофиқан ба 0,1579-0,1589 сомонӣ ва ба 6,2400-6,2600 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 17 май қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе каме баланд шуда, 4,8650-4,8850 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ