24.05.2012
Қурбҳои асъорҳои хориҷӣ ин ҳафта тағйир ёфтанд
Ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби миёнаи долл. ИМА каме баланд шуда, дар худуди 4,8620-4,8770 сомонӣ қарор дошт.
Вале дар ин миён, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро андак паст шуда, мувофиқан ба 0,1544-0,1554 сомонӣ ва 6,1940-6,2140 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 24 май қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе афзуд ва дар 4,8730-4,8920 сомониро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ