Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро боз паст шуданд

Бойгонии ахбор
31.05.2012

Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро боз паст шуданд

    Давоми чанд рӯзи ҳафтаи ҷорӣ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ, каме паст шуда, то нуқтаи 4,8740-4,8910 сомонӣ баргашт.
    Дар баробари ин, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ паст фаромада, мувофиқан ба 0,1500-0,1510 сомонӣ ва 6,0875-6,1075 сомонӣ баробар шуданд.
    Имрӯз, 31 май дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе қурби миёнаи долл. ИМА андаке баланд шуда, дар ҳудуди 4,8800-4,9000 сомонӣ қарор дорад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку