Тангаҳои нав ба муомилот бароварда шуданд

Бойгонии ахбор
18.06.2012

Тангаҳои нав ба муомилот бароварда шуданд

     Бо мақсади сифатан беҳтар намудани муомилоти пулии кишвар бо тангаҳои нави филизӣ, бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2012 тангаҳои филизии «сомонӣ» бо арзиши номиналии 1 сомонӣ ва тангаҳои филизии «дирам» бо арзишҳои 5, 10, 20, 50 дирам барориши соли 2011 ба муомилот бароварда шуданд.
    Тавре дар қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, тангаҳои филизии «сомонӣ» бо арзиши номиналии 1 сомонӣ ва тангаҳои филизии «дирам» бо арзишҳои 5, 10, 20, 50 дирам барориши соли 2011 дар қатори тангаҳои филизии барориши солҳои 2001 ва 2006, ки айни замон дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.


Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку