18.06.2012
Озмун барои ишғоли вазифа
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаи муҳандиси Идораи корҳо (вазифаҳои хизматӣ: хизматрасонӣ ва назорати низоми қубуру корезҳои обҳои ғализ (канализатсия), хати обрасонӣ, кондиционерҳо, дастгоҳҳои гармидиҳанда ва ғайра), О З М У Н эълон менамояд:
Талабот ба номзад: • таҳсилот: олии касбӣ
• малакаи кор дар компютер ;
• донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ;
• доштани таҷрибаи корӣ дар ин соҳа;
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ: • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
• варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
• тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
• 3 дона расм (андоза 3х4);
• нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
• нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
• нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
Нишонаи почтаи электронӣ:
OZMUN@NBT.TJ Телефон барои маълумот: 600-32-13
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 01.07.2012 Дар сурати ба талаботҳо ҷавобгӯ будан, номзадҳо барои суҳбат даъват карда мешаванд.
ш. Душанбе, июни с.2012.
Хадамоти матбуоти
БМТ