Довталабонро озмун интизор аст

Бойгонии ахбор
23.07.2012

Довталабонро озмун интизор аст

Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи
«Мутахассиси пойгоҳи маълумоти (Oracle)»
дар Департаменти низоми пардохт
О З М У Н
эълон менамояд

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • таҷрибаи кории маъмури пойгоҳи маълумот (DBA), 5 сол;
  • хуб донистани Oracle;
  • донистани забонҳои барномасозии Oracle PL/SQL;
  • донистани C#,.Net афзалият дорад;
  • таҷрибаи татбиқи web-сервисҳо дар заминаи Oracle ;
  • донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
  • донистани забони англисӣ афзалият дорад;

Доштани таҷрибаи корӣ оид ба:

  • насби/танзими/идорасозии пойгоҳи маълумоти Oracle;
  • ташкили кластерҳо ( пайваст кардани серверҳо);
  • дар ҳолати хубу мувофиқ нигоҳ доштани пойгоҳи маълумот;
  • мониторинги кори пойгоҳи маълумот;
  • тағйир додани андозаи пойгоҳи маълумот;
  • таъмину нигаҳдории кори система ҳангоми аз кор баромадани баъзе қисмҳои он, нусхабардории эҳтиётӣ.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
Нишонаи почтаи электронӣ: OZMUN@NBT.TJ
Телефон барои маълумот: 600-32-13
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А
Идораи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷраи 510.
Довталабоне, ки ба талаботҳои озмун ҷавобгӯ мебошанд барои сӯҳбат даъват карда мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои қабулшуда баргардонда намешаванд.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 6 августи соли 2012
Баргузории сӯҳбат бо номзадҳо 10 августи соли 2012 , соати 14.00
Натиҷаи ҷамъбаст то 13 августи соли 2012

Хадамоти матбуоти
БМТ


Возврат к списку