Қурби миёнаи долл. ИМА нисбатан бетағйир боқӣ монд

Бойгонии ахбор
02.08.2012

Қурби миёнаи долл. ИМА нисбатан бетағйир боқӣ монд

    Қурби миёнаи долл. ИМА дар давоми ҳафта дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ нисбатан бетағйир монда, дар ш. Душанбе ба 4,8300-4,8440 ва ш. Хуҷанд ба 4,8280-4,8380 сомонӣ баробар буд.
    Вазъи қурбҳои миёнаи аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, ҳамчунин бетағйир боқӣ монд ва мувофиқан ба 0,1474-0,1484 сомонӣ ва ба 5,8195-5,8437 сомонӣ баробар шуданд.
    Имрӯз, 2 август қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8300-4,8500, ш. Хуҷанд 4,8300-4,8400 ва ш. Қурғонтеппа 4,8200-4,8400 сомониро ташкил доданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку