16.08.2012
Меъёри бозтамвил каме паст шуда, дар сатҳи 6,5 фоиз муқаррар гашт
Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил ба андозаи 0,3 банди фоизӣ паст шуда, дар сатҳи 6,5 фоиз муқаррар карда шуд.
Тағйироти навбатӣ тадриҷан ба паст гардидани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ ва вусъати сиёсати пулию қарзӣ нигаронида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ин меъёр 6 июли соли 2012 аз 8 фоиз ба андозаи 1,2 банди фоизӣ то ба 6,8 фоизи солона паст карда шуда буд.
Хадамоти матбуоти
БМТ