Қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори нақдина

Бойгонии ахбор
23.08.2012

Қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори нақдина

   Дар давоми ҳафта қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ боз андаке паст шуда, дар ҳудуди ш. Душанбе ба 4,8140-4,8330 ва ш. Хуҷанд ба 4,8120-4,8250 сомонӣ баробар гашт.
    Қурбҳои миёнаи аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад нисбатан бетағйир монда, мувофиқан ба 0,1484-0,1494 сомонӣ ва 5,8558-5,8780 сомонӣ баробар шуданд.
    Имрӯз, 23 август қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори каме паст шуда, дар ҳудуди ш. Душанбе 4,8100-4,8300, ш. Хуҷанд 4,8100-4,8200 ва ш. Қурғонтеппа 4,8100-4,8300 сомониро ташкил медиҳад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку