Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баланд шуданд

Бойгонии ахбор
13.09.2012

Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баланд шуданд

    Дар давоми ҳафта қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ мӯътадил буда, дар ш. Душанбе дар ҳудуди 4,8200-4,8400 ва ш. Хуҷанд ба 4,8300-4,8400 сомонӣ қарор дорад.
    Қурбҳои миёнаи аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баланд шуда, мувофиқан ба 0,1494-0,1503 сомонӣ ва ба 6,0127-6,0350 сомонӣ баробар шуданд.
    Имрӯз, 13 сентябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори дар ш. Душанбе 4,8200-4,8400, ш. Хуҷанд 4,8300-4,8400 ва ш. Қурғонтеппа 4,8300-4,8400 сомониро ташкил медиҳад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку