12.10.2012
Пешниҳоди қарз 8,4 фоиз зиёд шуд
Дар интиҳои моҳи августи соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ тамоюли зиёдшавиро идома дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4 фоиз афзуд. Таркиби бақияи қарзҳои номбурда аз 70,4 фоиз ё 3 448,7 млн. сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 29,6 фоиз ё 1 450,9 млн. сомонӣ қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад. Ҳамзамон ҳиссаи қарзҳои дарозмӯҳлат ба ҳисоби миёна бо суръати 12,7 фоизи солона зиёд мешаванд.
Дар ин давра фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 20,46 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,38 фоизи солонаро ташкил намуд.
Бинобар сабаби он ки чун пештара талаботи мардум ба қарзҳои хурд рӯ ба афзуншавӣ дорад, дар ҳашт моҳи соли равон назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 25,1 фоиз бештар қарз дода шудааст. Аз он ҷумла, ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба маблағи 430,3 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 20,0 фоиз зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти
БМТ