Сатҳи таваррум – 5,6 фоиз

Бойгонии ахбор
15.10.2012

Сатҳи таваррум – 5,6 фоиз

   Тавре аз маълумотҳои расмӣ бармеояд, дар нуҳ моҳи соли равон сатҳи таваррум муътадилияти худро нигоҳ дошта, ҳамагӣ 5,6 фоизро ташкил дод , ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 банди фоизӣ паст мебошад. Нишондиҳандаи номбурда дар моҳи сентябр ба 1,3 фоиз баробар шуда, дар 12 моҳи охир 5,9 фоизро ташкил дод.
    Нишондиҳандаи дигари муҳим ва яке аз фишангҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ - меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон аз 15 августи соли ҷорӣ то ба имрӯз тағйир наёфтааст ва дар сатҳи 6,5 фоиз қарор дорад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку