14.11.2012
Сатҳи таваррум муътадил аст
Дар давоми даҳ моҳи соли равон яке аз нишондиҳандаҳои муҳим – таваррум чун пештара дар сатҳи муътадил қарор дошта, 6,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 банди фоизӣ паст мебошад. Тибқи маълумотҳои расмӣ нишондиҳандаи мазкур дар моҳи сентябр ба 0,5 фоиз баробар шуда, дар давоми як соли охир 6,5 фоизро ташкил намуд.
Меъёри бозтамвил чун яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ – тайи се моҳи охир бе тағйир дар сатҳи 6,5 фоиз қарор дорад.
Хадамоти матбуоти
БМТ