15.11.2012
Қурби миёнаи долл. ИМА ҳафтаи равон нисбатан баланд шуд
Ҳафтаи равон қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ нисбатан баланд шуда, дар худуди 4,8530-4,8720 сомонӣ қарор гирифт.
Ин болоравӣ асосан бар асари таъсири омилҳои мавсимии тағйирёбии талабот ва пешниҳоди асъори нақди хориҷӣ, тағйироти назарраси қурби доллари ИМА нисбати дигар асъорҳо дар ҳафтаҳои охир дар бозорҳои дохилию хориҷӣ сурат гирифт.
Дар рӯзҳои охир қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме коҳиш ёфта, мувофиқан ба 0,1514-0,1526 сомонӣ ва ба 6,1480-6,1730 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 15 ноябр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе қурби миёнаи долл. ИМА дар ҳудуди 4,8600-4,8780 сомонӣ қарор дорад.
Хадамоти матбуоти
БМТ