22.11.2012
Қурби долл. ИМА дар маҷмуъ тамоюли пастшавӣ дошт
Давоми чанд рӯзи охири ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе, ш. Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ тамоюли пастшавиро дошта, ба ҳисоби миёна долл. ИМА ба бо арзиши 4,8460-4,8650 сомонӣ хариду фурӯш мешавад.
Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, дар ин давра каме баланд шуда, мувофиқан ба 0,1540-0,1549 ва 6,2020-6,2260 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 22 ноябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе каме паст фаромада, дар ҳудуди 4,8500-4,8600 сомонӣ қарор дорад.
Хадамоти матбуоти
БМТ