13.12.2012
Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро каме баланд шуданд
Тайи чанд рӯзи ҳафтаи равон қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъорӣ шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ҳудуди 4,8530 - 4,8720 сомонӣ қарор дошт.
Дар мавриди қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, онҳо каме баланд шуда, мувофиқан 0,1571-0,1593 ва 6,3035-6,3250 сомониро ташкил доданд.
Имрӯз қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,8570-4,8750 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 4,8600-4,8700 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 4,8500-4,8700 сомонӣ баробар шуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ