Сатҳи таваррум дар ноябр – 0,2 фоиз

Бойгонии ахбор
14.12.2012

Сатҳи таваррум дар ноябр – 0,2 фоиз

    Таваррум, ки яке аз нишондиҳандаи муҳими макроиқисодӣ ба шумор меравад, моҳи гузашта ҷараёни муътадилшавии худро идома дод. Мувофиқи маълумоти расмӣ дар моҳи ноябр сатҳи таваррум ҳамагӣ 0,2 фоизро ташкил намуд. Аз аввали соли равон сатҳи таваррум 6,3 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 банди фоизӣ паст мебошад. Дар давоми 12 моҳи охир бошад, нишондиҳандаи номбурда ба 6,5 фоиз баробар шуд.
    Яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ - меъёри бозтамвил дар давоми қариб чор моҳи охир дар сатҳи 6,5 фоиз қарор дорад.

 Хадамоти матбуоти
 БМТ

Возврат к списку