Бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 декабри соли равон бо мақсади пурзур намудани унсурҳои ҳимоявии пулҳои коғазӣ ва сифатан беҳтар намудани муомилоти пулии кишвар, пулҳои коғазии арзишашон 5 ва 10 сомонӣ, ки дорои унсури иловагии ҳимоявӣ - кинеграмма мебошанд, ба муомилот бароварда шуданд.
Пулҳои коғазии номбурда дар қатори пулҳои коғазии арзишашон 5 ва 10 сомонии барориши соли 1999, ки дар айни замон дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.
Хадамоти матбуоти
БМТ