Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғол намудани вазифаи мутахассиси пешбари «пойгоҳи маълумоти Oracle» О З М У Н эълон менамояд.
Талаботҳо ба номзад: - маълумот: олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
- таҷрибаи кории маъмури пойгоҳи маълумот (DBA), зиёда аз 3 сол; донистани забони барномасозии Oracle PL/SQL;
- донистани C#,.Net афзалият дорад;
- таҷрибаи татбиқи web-сервисҳо дар заминаи Oracle;
- доштани таҷрибаи корӣ оид ба насб, танзим ва идорасозии пойгоҳи маълумоти Oracle;
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмист, донистани забони англисӣ ба назар гирифта мешавад; доштани унвони илмӣ афзалиятнок аст.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ: - ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- 3 дона расм (андоза 3х4);
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ ва унвони илмӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- рақами СИН аз Шӯъбаи муҳосиботи ҷойи кори пештара;
- рақами мушахасси андозсупоранда (ИНН) аз Шӯъбаи мақомоти андози ноҳия
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд: Нишонаи почтаи электронӣ: OZMUN@NBT.TJ
Телефон барои маълумот: 600-32-13
ш.Душанбе, хиёбони Рудакӣ, 107А
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо баъди нашр 45 рӯзи тақвимӣ
Хадамоти матбуоти
БМТ