Бақияи умумии қарзҳо 9,2 фоиз зиёд шуд

Бойгонии ахбор
31.12.2012

Бақияи умумии қарзҳо 9,2 фоиз зиёд шуд

    Вобаста ба рушди иқтисодиёт бақияи умумии қарзҳо дар ҷумҳурӣ ба ҳолати то 1 декабри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,2 фоиз афзуд. Аз он аз 2,0 млрд. сомонӣ қарзҳо бо пули миллӣ ва бештар аз 3,1 млрд. сомонӣ бо асъори хориҷӣ рост меоянд. Дар маҷмуъ 69,8 фоиз (қариб 3, 6 млрд. сомонӣ)-ро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 30,2 фоиз (зиёдтар аз 1,5 млрд. сомонӣ)-ро қарзҳои дарозмуддат ташкил намуданд
    Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкӣ дар ёздаҳ моҳи соли равон бо пули миллӣ ба 21,18 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 24,71 фоизи солона баробар шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 1,55 банди фоизӣ паст ва 2,72 банди фоизӣ зиёд шуданд.
   Қарзҳои хурди додашуда дар ин давра низ бо суръати бештар рӯ ба афзоиш ниҳода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,3 фоиз зиёд гардиданд. Аз он ҷумла, маблағи 579,0 млн. сомонӣ ҳамчун қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 23,0 фоиз зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку