Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ баланд ва бо евро бошад, каме поин шуданд

Бойгонии ахбор
10.01.2013

Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ баланд ва бо евро бошад, каме поин шуданд

    Ҳафтаи равон қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ҳудуди 4,8560 - 4,8710 сомонӣ қарор дошт.
     Дар ин рӯзҳо қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ афзуда, ба 0,1560-0,1570 сомонӣ ва аз рӯи амалиёт бо евро бошад, каме поин шуда, ба 6,2880-6,3110 сомонӣ баробар шуданд.
    Қурби миёнаи долл. ИМА имрӯз, 10 январ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8590-4,8785 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8750-4,8850 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8600-4,8700 сомониро ташкил намуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку